https://sputnik.tj/20210811/rusiya-muttaham-tojikiston-istirdod-1041595735.html
Сарбозони фирорию ҳамлагар ба мошини пулис: Русия 8 муттаҳамро ба Тоҷикистон истирдод кард
Сарбозони фирорию ҳамлагар ба мошини пулис: Русия 8 муттаҳамро ба Тоҷикистон истирдод кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳама ҷинояткорони эҳтимолӣ барои гурез аз ҷазо аз кишвар фирор карданд
2021-08-11T15:36+0500
2021-08-11T15:36+0500
2021-08-11T15:36+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
парванда
муттаҳам
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_0:134:1632:1052_1920x0_80_0_0_b1aea94ecf10332a735b57ab957adac5.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ҳашт нафар гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои гуногун аз Русия ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Дар ин бора ба ТАСС бо истинод аз дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Федератсияи Русия хабар дод.Ин ниҳод гуфтааст, ки интиқоли айбдоршавандагон дар парвандаҳои ҷиноӣ дар замони пандемияи коронавирус мушкил шудааст. Аммо, ба ҳар ҳол, вақте ки вазъи эпидемиологӣ барои истирдод имкон дод, ҳама чораҳои амниятӣ риоя карда шуданд.Яке аз муттаҳамон дар тирандозӣ ба мошини кормандони интизомӣ дар соли 1996 гумонбар дониста мешавад, ки дар натиҷа 4 нафар кушта шуданд.Боз ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва яке бо ҷурми қаллобӣ дар ҷустуҷӯ қарор доранд.Илова бар ин, яке аз шаҳрвандони истирдодшуда бо иттиҳоми латукӯби ноболиғ аз ҳиссиёти авбошӣ ба рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шуда буд.Додситонии кулл ҳамчунин як гумонбари дуздии бузург ва ду сарбозеро, ки ҳангоми хидмат аз кишвар фирор кардаанд, ба Тоҷикистон супурд.
https://sputnik.tj/20210811/muhojiron-zaduhurd-maskav-bozdosht-1041594294.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_219:78:1632:1138_1920x0_80_0_0_7a0428bcec911e1b3f47af2269df3d3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муттаҳам, тоҷикистон, истирдод,
русия, муттаҳам, тоҷикистон, истирдод,
Сарбозони фирорию ҳамлагар ба мошини пулис: Русия 8 муттаҳамро ба Тоҷикистон истирдод кард
Ҳама ҷинояткорони эҳтимолӣ барои гурез аз ҷазо аз кишвар фирор карданд
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ҳашт нафар гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои гуногун аз Русия ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Дар ин бора ба ТАСС бо истинод аз дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Федератсияи Русия хабар дод.
Ин ниҳод гуфтааст, ки интиқоли айбдоршавандагон дар парвандаҳои ҷиноӣ дар замони пандемияи коронавирус мушкил шудааст. Аммо, ба ҳар ҳол, вақте ки вазъи эпидемиологӣ барои истирдод имкон дод, ҳама чораҳои амниятӣ риоя карда шуданд.
Яке аз муттаҳамон дар тирандозӣ ба мошини кормандони интизомӣ дар соли 1996 гумонбар дониста мешавад, ки дар натиҷа 4 нафар кушта шуданд.
Боз ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва яке бо ҷурми қаллобӣ дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Илова бар ин, яке аз шаҳрвандони истирдодшуда бо иттиҳоми латукӯби ноболиғ аз ҳиссиёти авбошӣ ба рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шуда буд.
Додситонии кулл ҳамчунин як гумонбари дуздии бузург ва ду сарбозеро, ки ҳангоми хидмат аз кишвар фирор кардаанд, ба Тоҷикистон супурд.