Раёсати умури дохилии Хатлон аз ваксингирии пурраи ҳайати шахсӣ гузориш додааст

© акс аз сомонаи ВКД ТоҷикистонВаксинагирии кормандони мақомоти умури дохилӣ дар вилояти Хатлон
Ваксинагирии кормандони мақомоти умури дохилӣ дар вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Обуна шудан
Раёсати умури дохилии Хатлон аз ваксингирии пурраи ҳайати шахсӣ гузориш додааст
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон мегӯяд, маъракаи эмгузаронӣ дар байни ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои он комилан анҷом ёфт.
Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса баробари гирифтани ваксина, бо таъсиси гурӯҳҳо дар терминалҳои мусофиркашонӣ, марказҳои тиҷоратӣ, бозорҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ барои ҳифзи қоидаҳои беҳдошт корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Таъкид шудааст, ки милисаҳо мардумро ба пӯшидани ниқоб ва риояи фосилаи иҷтимоӣ даъват менамоянд.
Вакцина AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон боз 129 ҳазор воя ваксини "AstraZeneca" - ро қабул кард
Ин дар ҳолест, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аввали моҳи равон гуфт, ки худаш аллакай ду вояи ваксинаро гирифту то 10 август тамоми ҳайати шахсии мақомоти дохилӣ бо ваксина эмин хоҳанд шуд.
Раҳимзода иттилоъ дод, ки шахсан аллакай ду вояи ваксинаи “Спутник V” – ро гирифтааст ва аз мардуми Тоҷикистон хост, дар эмгузаронӣ фаъол бошанд.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон бо зикри он, ки дар ҷумҳурӣ мулоқоти сарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ дар назар аст, таъкид намуд, ки яке аз шартҳои иштироки бархе аз роҳбарони давлатҳо сатҳи пасти беморӣ мебошад.
Ӯ афзуд, ки бидуни ваксинагирӣ бартараф кардани бемории коронавирус мушкил буда, таҷрибаи давлатҳои дигарро мисол овард, ки тариқи эмгузаронӣ сатҳи бемориро поин оварданд.
Лентаи хабарҳо
0