Қарори Рустами Эмомалӣ: озмуни нон баргузор мешавад

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонҶашнвораи таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ бо ҳузури президентҳои давлатҳои ОМ
Ҷашнвораи таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ бо ҳузури президентҳои давлатҳои ОМ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки дар пойтахт озмуни нон баргузор шавад
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони "Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам" дар шаҳри Душанбе 12-уми август баргузор мегардад, хабар додааст котиботи шаҳрдорӣ.
Бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, озмуни мазкур дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ гузаронда мешавад.
Таъкид шудааст, ки озмуни мазкур дар доираи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019-2021 ташкил карда шудааст. Ҷадвали сесолаи ҷашнвораю озмунҳои ҳунарҳои мардумиро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ кардааст.
Ҷашнвораи таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ бо ҳузури президентҳои давлатҳои ОМ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Намоиши таомҳои тоҷикӣ: президентҳо писандиданд, мегӯяд котиботи Раҳмон - аксҳо
Бо зикри ин нукта, Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки озмун дар сатҳи баланди фарҳангию ташкилӣ баргузор шаваду қоидаҳои беҳдоштӣ риоя гарданд.
Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, ки аз ҳисоби фонди захиравии шаҳрдор, 9 ҳазору 73 сомониро барои ташкили озмун ҷудо намояд.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба уҳдаи ноиби раиси шаҳри Душанбе вогузор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0