https://sputnik.tj/20210811/muhojir-mehnati-maqomot-hatlon-kor-talab-1041591096.html
Беш аз ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз мақомоти Хатлон кор талаб кардаанд
Беш аз ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз мақомоти Хатлон кор талаб кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хатлон хабар додааст, ки дар ҳафт моҳи соли равон беш аз 1300 сокиноне, ки қаблан ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, ба мақомоти Хатлон барои таъмини кор дар дохили кишвар дархост ирсол кардаанд
2021-08-11T13:30+0500
2021-08-11T13:30+0500
2021-08-11T13:30+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
таъмини ҷои кор барои муҳоҷирони баргашта
хатлон
кор
таъмин ба ҷои кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032519490_0:87:3218:1897_1920x0_80_0_0_e7f54273c5bc268840b4105ec4447771.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Қобилҷон Файзализода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон хабар додааст, ки барои бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо дар ҳафт моҳи соли равон ба мақомоти агентии ноҳияҳои вилоят 1349 муҳоҷири меҳнатӣ муроҷиат намуд, ки аз онҳо 79 нафар зан мебошад.“Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 470 нафар ба шуғл ҷалб гардида, 188 нафар ба ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардидаву 220 нафар ба касбомӯзӣ, 47 нафари дигар ба корҳои ҷамъиятии музднок, 15 нафар аз ҳисоби маблағҳои мақомоти агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба соҳибкории хурд машғуланд. 879 нафар ба машварати касбӣ фаро гирифта шуд”, - иброз дошт Қобилҷон Файзализода.Ҳамзамон вай хабар дод, ки корхонаву ташкилотҳои Хатлон пеш аз ҳама шахсони маъюб, занони серфарзанд, модарони танҳо, сарбозони аз сафи Артиши миллӣ ҷавобшуда ва шахсони аз маҳбас озодгаштаро ба кор таъмин намуданд.Бо мақсади ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани шахсони бекор мақомоти Хатлон дар давоми соли равон 228 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шудааст.Ба иттилои Агентӣ дар баргузор намудани чунин ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод аз аввали соли равон 1917 корхонаю ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳои гуногун иштирок намуда, барои бекорон ҷойҳои кори доимӣ ва вазифаҳои озоди худро пешниҳод намуданд.“Тавассути ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод 2994 нафар ба кор роҳхат гирифт, ки аз онҳо 2657 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 164 нафар зиёд мебошад”, - таъкид доштааст манбаъ.
https://sputnik.tj/20210722/rusiya-muhojiri-biduni-shartnomai-mehnati-kor-mekunad-1041111332.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032519490_487:0:3218:2048_1920x0_80_0_0_3408998866e196e44057530c2aa659bf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, муҳоҷирони меҳнатӣ, талаби кор, мақомот
тоҷикистон, хатлон, муҳоҷирони меҳнатӣ, талаби кор, мақомот
Беш аз ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз мақомоти Хатлон кор талаб кардаанд
Мақомоти Хатлон хабар додааст, ки дар ҳафт моҳи соли равон беш аз 1300 сокиноне, ки қаблан ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, ба мақомоти Хатлон барои таъмини кор дар дохили кишвар дархост ирсол кардаанд
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Қобилҷон Файзализода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон хабар додааст, ки барои бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо дар ҳафт моҳи соли равон ба мақомоти агентии ноҳияҳои вилоят 1349 муҳоҷири меҳнатӣ муроҷиат намуд, ки аз онҳо 79 нафар зан мебошад.
“Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 470 нафар ба шуғл ҷалб гардида, 188 нафар ба ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардидаву 220 нафар ба касбомӯзӣ, 47 нафари дигар ба корҳои ҷамъиятии музднок, 15 нафар аз ҳисоби маблағҳои мақомоти агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба соҳибкории хурд машғуланд. 879 нафар ба машварати касбӣ фаро гирифта шуд”, - иброз дошт Қобилҷон Файзализода.
Ҳамзамон вай хабар дод, ки корхонаву ташкилотҳои Хатлон пеш аз ҳама шахсони маъюб, занони серфарзанд, модарони танҳо, сарбозони аз сафи Артиши миллӣ ҷавобшуда ва шахсони аз маҳбас озодгаштаро ба кор таъмин намуданд.
Бо мақсади ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани шахсони бекор мақомоти Хатлон дар давоми соли равон 228 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шудааст.
Ба иттилои Агентӣ дар баргузор намудани чунин ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод аз аввали соли равон 1917 корхонаю ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳои гуногун иштирок намуда, барои бекорон ҷойҳои кори доимӣ ва вазифаҳои озоди худро пешниҳод намуданд.
“Тавассути ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод 2994 нафар ба кор роҳхат гирифт, ки аз онҳо 2657 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 164 нафар зиёд мебошад”, - таъкид доштааст манбаъ.