Марги дигар: эълони омори гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

© PixabayМедицинские носилки, архивное фото
Медицинские носилки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ бо нашри омори ҷадиди гирифторӣ ва шифо аз коронавирус изҳор доштааст, ки як марги дигар аз ин беморӣ сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Тайи 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 72 ҳолати гирифторӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст, омадааст дар омори расмӣ, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ нашр намудааст.
Вазорат мегӯяд, теъдоди шифоёфтагон аз гирифторшудаҳо тайи шабонарӯзи гузашта бештар буда, 83 нафар сиҳат шуданд.
Манбаъ афзуд, тайи шабонарӯзи гузашта як ҳолати фавт аз коронавирус сабт шуда, шумораи фавтидагон аз ин беморӣ ҳамоно 123 нафарро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 10 август дар кишвар 15792 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15352 нафар (97,2%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 123 нафар фавтидаанд.
Вакцина AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон боз 129 ҳазор воя ваксини "AstraZeneca" - ро қабул кард
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.
Лентаи хабарҳо
0