https://sputnik.tj/20210810/vokunish-neymar-payvastan-messi-pszh-1041580677.html
Боз бо ҳам: Вокуниши Неймар ба пайвастани Месси ба ПСЖ
Боз бо ҳам: Вокуниши Неймар ба пайвастани Месси ба ПСЖ
Sputnik Тоҷикистон
Неймар ба Пари Сен-Жермен пайвастани Лионел Мессиро истиқбол кард 10.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-10T19:30+0500
2021-08-10T19:30+0500
2021-08-10T19:30+0500
дар ҷаҳон
футбол
неймар
псж
лионел месси
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102608/94/1026089480_0:0:2179:1227_1920x0_80_0_0_0201bb12ca27dcff2ae9c1da30db7336.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Ӯ аввалин шуда гузашти Мессиро ба тимаш хабар дода, навори худро бо ин бозигар дар сафҳаи инстаграмаш зери унвони "Боз бо ҳам" гузоштСитораҳои футболи Аргентина ва бразилия 4 мавсим дар Барселона бо ҳам бозӣ карда, муносибати хеле наздик ва дӯстона доранд.Бозингарон, ки қарор аст дар Пари Сен-Жермен боз ҳамдаста шаванд, тӯли ин солҳо дар тамос буданд ва дар ду дастаи гуногун бозӣ мекарданд ва муносибати онҳо хеле хуб буд.Ин видео нишон медиҳад, ки ситораи бразилӣ аз ҳузури Месси дар Париж бештар хушҳол аст, зеро ӯ аввалин шахсе аст, ки пайвастани Леоро ба тими парижиҳо оммавӣ кард.Ёдовар мешавем, ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси бо клуби Фаронса "Пари Сен-Жермен" барои бастани созишнома барои ду сол бо имкони тамдиди минбаъдаи он то моҳи июни соли 2024 ба мувофиқа расидаанд.Маоши варзишкори 34-сола дар як мавсим 35 миллион евро хоҳад буд. Лионел аллакай имрӯз аз санҷиши тиббӣ дар "ПСЖ" мегузарад.Маълум аст, ки Месси ният дорад, ки дар ин клуб танҳо таҳти рақами 30 бозӣ кунад, ки дар оғози фаъолияти худ дар Барселона дошт.Футболбоз аввалин бозии худро дар ҳайати асосии Барселона соли 2004 анҷом дода буд.Аз он вақт инҷониб ӯ ҳамеша ба ҷонибдории "кабуду - анорӣ" бозӣ мекард. Месси ҳамроҳ бо ин клуб даҳ чемпионати Испания ва ҳафт Ҷоми Испанияро ба даст овард.Илова бар ин, ӯ чор маротиба қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо шудааст. Ҳафтаи гузашта раҳбарияти Барселона гуфтанд, ки ният надоранд бо Месси, созишномаи нав имзо кунанд.
https://sputnik.tj/20210807/boigoh-qatar-messi-1-milliard-peshnihod-1041488300.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102608/94/1026089480_0:0:1889:1417_1920x0_80_0_0_d7d9ef75a9545e70451687b2f1a570a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, футбол, неймар, псж, лионел месси
дар ҷаҳон, футбол, неймар, псж, лионел месси
Боз бо ҳам: Вокуниши Неймар ба пайвастани Месси ба ПСЖ
Неймар ба Пари Сен-Жермен пайвастани Лионел Мессиро истиқбол кард
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Ӯ аввалин шуда гузашти Мессиро ба тимаш хабар дода, навори худро бо ин бозигар дар сафҳаи инстаграмаш зери унвони "Боз бо ҳам" гузошт
Ситораҳои футболи Аргентина ва бразилия 4 мавсим дар Барселона бо ҳам бозӣ карда, муносибати хеле наздик ва дӯстона доранд.
Бозингарон, ки қарор аст дар Пари Сен-Жермен боз ҳамдаста шаванд, тӯли ин солҳо дар тамос буданд ва дар ду дастаи гуногун бозӣ мекарданд ва муносибати онҳо хеле хуб буд.
Ин видео нишон медиҳад, ки ситораи бразилӣ аз ҳузури Месси дар Париж бештар хушҳол аст, зеро ӯ аввалин шахсе аст, ки пайвастани Леоро ба тими парижиҳо оммавӣ кард.
Ёдовар мешавем, ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси бо клуби Фаронса "Пари Сен-Жермен" барои бастани созишнома барои ду сол бо имкони тамдиди минбаъдаи он то моҳи июни соли 2024 ба мувофиқа расидаанд.
Маоши варзишкори 34-сола дар як мавсим 35 миллион евро хоҳад буд. Лионел аллакай имрӯз аз санҷиши тиббӣ дар "ПСЖ" мегузарад.
Маълум аст, ки Месси ният дорад, ки дар ин клуб танҳо таҳти рақами 30 бозӣ кунад, ки дар оғози фаъолияти худ дар Барселона дошт.
Футболбоз аввалин бозии худро дар ҳайати асосии Барселона соли 2004 анҷом дода буд.
Аз он вақт инҷониб ӯ ҳамеша ба ҷонибдории "кабуду - анорӣ" бозӣ мекард. Месси ҳамроҳ бо ин клуб даҳ чемпионати Испания ва ҳафт Ҷоми Испанияро ба даст овард.
Илова бар ин, ӯ чор маротиба қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо шудааст. Ҳафтаи гузашта раҳбарияти Барселона гуфтанд, ки ният надоранд бо Месси, созишномаи нав имзо кунанд.