Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Вазорати тандурустӣ шумори нави сироятёфтагон ба коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкВрачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной
Врачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ бо нашри омори ҷадиди гирифторӣ ва шифо аз коронавирус изҳор доштааст, ки давоми рӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки тайи 24 соати гузашта дар кишвар 69 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, шумори шифоёфтагон аз гирифторшудаҳо тайи шабонарӯзи гузашта ба 76 нафар баробар шуд.
Манбаъ афзуд, тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт нашуда, шумораи ҷонбохтагон аз ин беморӣ ҳамоно 122 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 8 август дар кишвар 15720 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15269 нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаро қатъиян риоя намоянд.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Маълум шуд, ки доруҳои арзону дастрас бар зидди коронавирус самаранок будаанд
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.
Лентаи хабарҳо
0