https://sputnik.tj/20210810/tolibon-ejodi-davlati-muvaqat-rad-kard-kobul-1041530716.html
Толибон* пешниҳоди эҷоди давлати муваққатиро рад карданду гуфтанд, кай Кобулро мегиранд
Толибон* пешниҳоди эҷоди давлати муваққатиро рад карданду гуфтанд, кай Кобулро мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Толибон изҳор доштааст, ки пешниҳоди Амрикоро барои эҷоди давлати мувақат дар Афғонистон рад шуд
2021-08-10T13:40+0500
2021-08-10T13:40+0500
2021-08-10T14:52+0500
афғонистон
толибон
кобул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/02/1032744853_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_b2696d48bfa2decaf9629cd61de6e225.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфтааст, ки Толибон* пешниҳоди Амрико дар бораи ташкили ҳукумати муваққат дар Афғонистонро напазируфт, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон."Ин масъала ҳанӯз матраҳ нашудааст. Аммо дар маҷмӯъ, мо давлати интиқолиро қабул надорем. Хостаи мо як тасмими асоси аст ва бояд онро пайдо кард. Ташкили давлат интиқолӣ барномаи мо нест”, - гуфт сухангӯи Толибон*.Муҷоҳид ҳамчунин гуфт, ки тасмими ишғоли Кобул танҳо пас аз ба даст гирифтани назорати дигар вилоятҳои Афғонистон гирифта мешавад.“Амалиёт тавре барнмарезӣ шудааст, ки дар аввал мо бояд вилоятҳои дигарро поксозӣ кунем ва сипас дар мавриди Кобул тасмим хоҳем гирифт. Аммо қарори ниҳоӣ дар бораи Кобул ҳанӯз гирифта нашудааст”, - таъкид дошт сухангӯи Толибон.Амалиёти Толибон* дар рӯзҳои охир пас аз он суръат гирифт, ки Иёлоти Муттаҳида эълом дошт, то охири моҳи август низомиёни худро аз ин кишвар хориҷ мекунад.Толибон* тайи моҳҳои охир даҳҳо вилоят ва гузаргоҳҳои марзиро таҳти назорат гирифтанд ва ҳангоми тарки нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар ба пойтахти чанд минтақаи Афғонистон, аз ҷумла Ҳирот дар ғарб ва Қандаҳор ҳамла карданд.* - гурӯҳи террористие, ки дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210810/jang-honavodaho-afghon-ovora-1041526275.html
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/02/1032744853_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_26aae17d3dcf399715a23917099cb9b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, давлати мувақатӣ, кобул, амрико
афғонистон, толибон, давлати мувақатӣ, кобул, амрико
Толибон* пешниҳоди эҷоди давлати муваққатиро рад карданду гуфтанд, кай Кобулро мегиранд
13:40 10.08.2021 (Навсозишуда: 14:52 10.08.2021) Сухангӯи Толибон* изҳор доштааст, ки пешниҳоди Амрико барои эҷоди давлати муваққат дар Афғонистон рад шуд
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфтааст, ки Толибон* пешниҳоди Амрико дар бораи ташкили ҳукумати муваққат дар Афғонистонро напазируфт, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Ин масъала ҳанӯз матраҳ нашудааст. Аммо дар маҷмӯъ, мо давлати интиқолиро қабул надорем. Хостаи мо як тасмими асоси аст ва бояд онро пайдо кард. Ташкили давлат интиқолӣ барномаи мо нест”, - гуфт сухангӯи Толибон*.
Муҷоҳид ҳамчунин гуфт, ки тасмими ишғоли Кобул танҳо пас аз ба даст гирифтани назорати дигар вилоятҳои Афғонистон гирифта мешавад.
“Амалиёт тавре барнмарезӣ шудааст, ки дар аввал мо бояд вилоятҳои дигарро поксозӣ кунем ва сипас дар мавриди Кобул тасмим хоҳем гирифт. Аммо қарори ниҳоӣ дар бораи Кобул ҳанӯз гирифта нашудааст”, - таъкид дошт сухангӯи Толибон.
Амалиёти Толибон* дар рӯзҳои охир пас аз он суръат гирифт, ки Иёлоти Муттаҳида эълом дошт, то охири моҳи август низомиёни худро аз ин кишвар хориҷ мекунад.
Толибон* тайи моҳҳои охир даҳҳо вилоят ва гузаргоҳҳои марзиро таҳти назорат гирифтанд ва ҳангоми тарки нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар ба пойтахти чанд минтақаи Афғонистон, аз ҷумла Ҳирот дар ғарб ва Қандаҳор ҳамла карданд.
* - гурӯҳи террористие, ки дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.