https://sputnik.tj/20210810/tojikiston-uzbekiston-sanadi-hamkori-imzo-1041547410.html
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахши меҳнат ва шуғли аҳолӣ ду санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахши меҳнат ва шуғли аҳолӣ ду санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд
Sputnik Тоҷикистон
Миёни вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ду санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст
2021-08-10T16:15+0500
2021-08-10T16:15+0500
2021-08-10T16:20+0500
дар тоҷикистон
санад
ҳамкорӣ
ӯзбекистон
вазорати меҳнат
имзо
шуғл
ширин амонзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041545871_0:48:960:588_1920x0_80_0_0_b11925df3da615dd21dfe5f1098be0aa.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Дар доираи сафари кории Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва натиҷаҳо аз мулоқоту вохӯриҳо бо ҳамтои худ аз кишвари Ӯзбекистон миёни вазоратҳои марбутаи ду кишвар ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид.Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ ин ду санад ба бахшҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ рабт доранд.Нахустин санад ин нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои бандҳои Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошад.Санади дувум ин ёддошти тафоҳум байни МД "Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ"-и Вазорати Тоҷикистон ва "Пажуҳишгоҳи бозори меҳнат"-и Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон мебошад.“Тасдиқ ва татбиқи санадҳои мазкур муносибатҳои дуҷонибаро дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тақвият намуда, ҳамчунин муносибатҳоро оид ба корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ вобаста ба бозори меҳнат, тарбияи кадрҳои коргарӣ ва ихтисосҳои муҳим дар танзими бозори меҳнат ривоҷ мебахшад”, - таъкид доштааст манбаъ.
https://sputnik.tj/20210730/uzbekiston-muhojiron-mablagh-chipta-ravodidro-jubron-1041308934.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041545871_56:0:904:636_1920x0_80_0_0_996792b6bfb3cb6a61d9664eb444c623.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати меҳнат, имзои ду санади ҳамкорӣ, ӯзбекистон, тоҷикистон, меҳнат, ҳамкорӣ, санад
вазорати меҳнат, имзои ду санади ҳамкорӣ, ӯзбекистон, тоҷикистон, меҳнат, ҳамкорӣ, санад
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахши меҳнат ва шуғли аҳолӣ ду санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд
16:15 10.08.2021 (Навсозишуда: 16:20 10.08.2021) Миёни вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ду санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Дар доираи сафари кории Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва натиҷаҳо аз мулоқоту вохӯриҳо бо ҳамтои худ аз кишвари Ӯзбекистон миёни вазоратҳои марбутаи ду кишвар ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ ин ду санад ба бахшҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ рабт доранд.
Нахустин санад ин нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои бандҳои Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошад.
Санади дувум ин ёддошти тафоҳум байни МД "Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ"-и Вазорати Тоҷикистон ва "Пажуҳишгоҳи бозори меҳнат"-и Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон мебошад.
“Тасдиқ ва татбиқи санадҳои мазкур муносибатҳои дуҷонибаро дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тақвият намуда, ҳамчунин муносибатҳоро оид ба корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ вобаста ба бозори меҳнат, тарбияи кадрҳои коргарӣ ва ихтисосҳои муҳим дар танзими бозори меҳнат ривоҷ мебахшад”, - таъкид доштааст манбаъ.