https://sputnik.tj/20210810/darguzasht-tabib-dushanbe-iltihobi-shadidi-shush-1041579002.html
Даргузашти табиби 56 - сола дар Душанбе: гирифтори илтиҳоби шадиди шуш буд
Даргузашти табиби 56 - сола дар Душанбе: гирифтори илтиҳоби шадиди шуш буд
Sputnik Тоҷикистон
Ризвона Алимова духтури занона буда, аз соли 2010 то ҳол дар таваллудхонаи рақами 2 дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард 10.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-10T18:46+0500
2021-08-10T18:46+0500
2021-08-10T18:58+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар Душанбе қалби Ҳаётова Ризвона як табиби шинохта аз тапидан бозмонд. Дар ин бора Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар сафҳаи Фейсбукии худ хабар додааст.Ниҳоди мазкур дар шабакаи иҷтимоӣ акси Ризвонаро нашр намуда, навиштааст, ки ин табиби касбӣ аз илтиҳоби шадиди шуш ранҷ мебурд ва ахиран рӯзи 10 август ҷон ба Ҷонофарин таслим кард.Манбаъ дар бораи шахсияти Ҳаётова навиштаст, ки ӯ зодаи шаҳри Душанбе буда, 11 сол дар Беморхона марказии ноҳияи Данғара ҳамчун табиби занона кор мекард ва ду маротиба ба вакили мардумии вилояти Хатлон интихоб шуда буд.Зимнан, аз соли 2010 то ин ҷониб дар таваллудхонаи рақами 2 дар шаҳри Душанбе кор мекард.Кумитаи дар номаи тасаллият аз Ҳаётова Ризвона як инсони хирадманду оқилу заминӣ, зебосиритшту зебопараст, табиби дараҷаи олӣ, модари мушфиқ ва зани меҳрубону меҳнатдӯсту меҳмондӯст тавсиф намудааст.Ҷанозаи табиби марҳум субҳи рӯзи 11 август, соати 07:00 дар масҷиди Сари Осиё баргузор мегардад.
https://sputnik.tj/20210809/darguzasht-teatr-konibodom-istatou-1041506286.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, даргузашт
дар тоҷикистон, тандурустӣ, даргузашт
Даргузашти табиби 56 - сола дар Душанбе: гирифтори илтиҳоби шадиди шуш буд
18:46 10.08.2021 (Навсозишуда: 18:58 10.08.2021) Ризвона Алимова духтури занона буда, аз соли 2010 то ҳол дар таваллудхонаи рақами 2 дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар Душанбе қалби Ҳаётова Ризвона як табиби шинохта аз тапидан бозмонд. Дар ин бора Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар сафҳаи Фейсбукии худ
хабар додааст.
Ниҳоди мазкур дар шабакаи иҷтимоӣ акси Ризвонаро нашр намуда, навиштааст, ки ин табиби касбӣ аз илтиҳоби шадиди шуш ранҷ мебурд ва ахиран рӯзи 10 август ҷон ба Ҷонофарин таслим кард.
"Боз фоҷеъа!, боз марги бемаҳал, қалби боз як инсони хирадманду, оқилу заминӣ, зебосиришту, зебопараст, табиби дараҷаи олӣ, модари мушфиқ ва зани меҳрубону, меҳнатдӯсту меҳмондӯст Ҳаётова Ризвона Алимовна дар синни 56 солагӣ бар асари бемории вазнини илтиҳоби шуш, аз тапидан боз монд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ дар бораи шахсияти Ҳаётова навиштаст, ки ӯ зодаи шаҳри Душанбе буда, 11 сол дар Беморхона марказии ноҳияи Данғара ҳамчун табиби занона кор мекард ва ду маротиба ба вакили мардумии вилояти Хатлон интихоб шуда буд.
Зимнан, аз соли 2010 то ин ҷониб дар таваллудхонаи рақами 2 дар шаҳри Душанбе кор мекард.
Кумитаи дар номаи тасаллият аз Ҳаётова Ризвона як инсони хирадманду оқилу заминӣ, зебосиритшту зебопараст, табиби дараҷаи олӣ, модари мушфиқ ва зани меҳрубону меҳнатдӯсту меҳмондӯст тавсиф намудааст.
Ҷанозаи табиби марҳум субҳи рӯзи 11 август, соати 07:00 дар масҷиди Сари Осиё баргузор мегардад.