Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Дабири кулли СААД дар бораи хатари афзоиши гурезаҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон гуфт

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Обуна шудан
Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бори дигар аз вазъи мушкил дар марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Станислав Зас, дабири кулли СААД дар бораи хатари эҳтимолии вуруди густардаи гурезагон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт.
Ҳамчунин дар паёми паҳнкардаи ин созмон, Станислав Зас аз хатари вуруди созмонҳои байналмилалии террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
"Пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва шариконаш аз Афғонистон, вазъ дар ин кишвар ба таври назаррас бад шуд. Ин кишвар бо ҳам бештар ба бетартибиҳо рӯ ба рӯ мешавад. Эҳтимоли хатари вуруди густардаи паноҳандагон ба қаламрави Тоҷикистони ҳамсоя ва воридшавии ашхоси вобаста ба созмонҳои террористӣ вуҷуд дорад", - гуфт дабири кулли СААД ҳангоми сафари худ ба Арманистон.
Пограничники на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Агар фардо ҷанг шавад: СААД дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чӣ кор мекунад
Станислав Зас ҳамчунин гуфт, ки СААД вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро бодиққат назорат дорад.
Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон барои гурезагон урдугоҳҳои махсус сохта мешаванд. Дар ояндаи наздик дар Кушониен ва Хоруғ ду анбор кушода мешавад, ки дар онҳо хаймаҳо, бистарҳо, маҳсулоти гигиенӣ ва ғизо захира карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0