https://sputnik.tj/20210809/tashhisgohi-navi-virusologi-istaravshan-1041504162.html
Оғози фаъолияти ташхисгоҳи нави вирусологӣ дар Истаравшан
Оғози фаъолияти ташхисгоҳи нави вирусологӣ дар Истаравшан
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд аз ифтитоҳи ташхисгоҳи нави вирусологӣ дар шаҳри Истравшан хабар доданд
2021-08-09T11:40+0500
2021-08-09T11:40+0500
2021-08-10T16:57+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
суғд
истаравшан
ифтитоҳ
ташхис
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032782043_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_aed33706978595003225b2499a49958c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Ахиран дар бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Истаравшан ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият оғоз кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.Бино бар иттилои манбаъ, ташхисгоҳ бо дастгирии мақомоти шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир аз таъмири пурра бароварда шудааст.Иттилоъ дода шудааст, ки ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси "COVID-19" таъсис дода шуд ва ҷараёни ташхис 3 зинаро фаро гирифта, имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро дорад.“Аз тарафи ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ як адад таҷҳизоти ташхиси бемории сироятии "COVID-19", бокси бехатарӣ, яхдон, қуттии дорувориҳо ҷиҳати гузаронидани ташхис барои 5000 таҳлил ва дигар лавозимоту таҷҳизотҳои замонавӣ ва зарурӣ харидорӣ карда шуда, ташхисгоҳ имруз барои хизматрасонӣ ба аҳолӣ пурра омода аст”, - таъкид доштааст манбаъ.Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки мутахассисони ташхисгоҳ аз курси махсуси омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон” гузаштанд.манбаъ қайд кардааст, ки то имрӯз намунаи таҳлили гумонбарони бемории "COVID-19" барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.
https://sputnik.tj/20210808/roh-navi-hifzi-kudakon-az-koronavirus-1041499184.html
суғд
истаравшан
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032782043_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_315466a91f07b4987e9816045a3a1094.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, озмоишгоҳ, ташхисгоҳ, вирусологӣ, ифтитоҳ, мақомоти суғд
тоҷикистон, озмоишгоҳ, ташхисгоҳ, вирусологӣ, ифтитоҳ, мақомоти суғд
Оғози фаъолияти ташхисгоҳи нави вирусологӣ дар Истаравшан
11:40 09.08.2021 (Навсозишуда: 16:57 10.08.2021) Мақомоти Суғд аз ифтитоҳи ташхисгоҳи нави вирусологӣ дар шаҳри Истравшан хабар доданд
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Ахиран дар бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Истаравшан ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият оғоз кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, ташхисгоҳ бо дастгирии мақомоти шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир аз таъмири пурра бароварда шудааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси "COVID-19" таъсис дода шуд ва ҷараёни ташхис 3 зинаро фаро гирифта, имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро дорад.
“Аз тарафи ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ як адад таҷҳизоти ташхиси бемории сироятии "COVID-19", бокси бехатарӣ, яхдон, қуттии дорувориҳо ҷиҳати гузаронидани ташхис барои 5000 таҳлил ва дигар лавозимоту таҷҳизотҳои замонавӣ ва зарурӣ харидорӣ карда шуда, ташхисгоҳ имруз барои хизматрасонӣ ба аҳолӣ пурра омода аст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки мутахассисони ташхисгоҳ аз курси махсуси омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон” гузаштанд.
манбаъ қайд кардааст, ки то имрӯз намунаи таҳлили гумонбарони бемории "COVID-19" барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.