https://sputnik.tj/20210809/olimon-doru-koronavirus-nest-1041511103.html
Олимон доруеро пайдо намуданд, ки коронавирусро 70 дарсад нест мекунад
Олимон доруеро пайдо намуданд, ки коронавирусро 70 дарсад нест мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Самаранокии фенофибат бар штамми "делта" - и коронавирусто ҳол омӯхта мешавад
2021-08-09T14:39+0500
2021-08-09T14:39+0500
2021-08-10T17:03+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/12/1032290414_0:0:3053:1717_1920x0_80_0_0_396fcf0f2634f96d9a0cb5e31a33294b.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Олимони як гурӯҳи байналмилалӣ дарёфтанд, ки доруи фенофибрат, аз ҷумла кислотаи фенофибрион метавонад коронавируси SARS-CoV-2-ро дар ҳуҷайраҳои инсон нобуд созад.Ба гуфтаи онҳо, фенофибрат то 70 дарсар ин вирусро хунсо мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.Тибқи як мақола дар маҷаллаи илмии Frontiers in Pharmacology, фенофибрат як доруест, ки барои паст кардани холестирин дар беморони гирифтори хатари бемориҳои дилу раг истифода мешавад. Таҷрибаҳои лабораторӣ нишон доданд, ки фенофибрат қодир аст, сарбории вирусиро 70% кам кунад. Ин дору самаранокии худро ба аксар штаммҳои SARS-CoV-2 нишон дод, аммо самаранокии он бар штамми "делта" - и коронавирус то ҳол омӯхта мешавад. Ба гуфтаи олимон, фенофибрат дар саросари ҷаҳон хеле арзону дастрас аст, аз ин рӯ дар кишварҳои даромади кам ва миёна, инчунин барои бемороне, ки ваксина тавсия дода намешавад, он метавонад хеле муфид бошад. Аломатҳои шиддати "делта"Дар беморони мубталои коронавирус, нишонаҳои ҷараёни беморӣ тағйир ёфтанд. Шумораи ками одамон аз набудани бӯй шикоят мекунанд ва шумораи бештари одамон нишонаҳои меъда ва дарди шикамро аз сар мегузаронанд.Штамми "делта" COVID-19 ҳатто ба ҷавонони солим ва иммунитети қавӣ таъсир мерасонад. Гузашта аз ин, беморӣ шадид буда, ба тамоми бадан ду баробар зуд таъсир мерасонад.
https://sputnik.tj/20210809/doruho-arzon-zidd-koronavirus-samaranok-1041509427.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/12/1032290414_155:0:2886:2048_1920x0_80_0_0_805cf55d40fc6adaee2f0212853c2ebe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олимон коронавирус
Олимон доруеро пайдо намуданд, ки коронавирусро 70 дарсад нест мекунад
14:39 09.08.2021 (Навсозишуда: 17:03 10.08.2021) Самаранокии фенофибат бар штамми "делта" - и коронавирусто ҳол омӯхта мешавад
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Олимони як гурӯҳи байналмилалӣ дарёфтанд, ки доруи фенофибрат, аз ҷумла кислотаи фенофибрион метавонад коронавируси SARS-CoV-2-ро дар ҳуҷайраҳои инсон нобуд созад.
Ба гуфтаи онҳо, фенофибрат то 70 дарсар ин вирусро хунсо мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.
Тибқи як мақола дар маҷаллаи илмии Frontiers in Pharmacology, фенофибрат як доруест, ки барои паст кардани холестирин дар беморони гирифтори хатари бемориҳои дилу раг истифода мешавад.
Таҷрибаҳои лабораторӣ нишон доданд, ки фенофибрат қодир аст, сарбории вирусиро 70% кам кунад.
Ин дору самаранокии худро ба аксар штаммҳои SARS-CoV-2 нишон дод, аммо самаранокии он бар штамми "делта" - и коронавирус то ҳол омӯхта мешавад.
Ба гуфтаи олимон, фенофибрат дар саросари ҷаҳон хеле арзону дастрас аст, аз ин рӯ дар кишварҳои даромади кам ва миёна, инчунин барои бемороне, ки ваксина тавсия дода намешавад, он метавонад хеле муфид бошад.
Аломатҳои шиддати "делта"
Дар беморони мубталои коронавирус, нишонаҳои ҷараёни беморӣ тағйир ёфтанд. Шумораи ками одамон аз набудани бӯй шикоят мекунанд ва шумораи бештари одамон нишонаҳои меъда ва дарди шикамро аз сар мегузаронанд.
Штамми "делта" COVID-19 ҳатто ба ҷавонони солим ва иммунитети қавӣ таъсир мерасонад. Гузашта аз ин, беморӣ шадид буда, ба тамоми бадан ду баробар зуд таъсир мерасонад.