https://sputnik.tj/20210809/general-rahimzoda-sohtmonho-danghara-viloyat-aksho-1041511740.html
Генерал Раҳимзода дар сохтмонҳои Данғара: қадами дигар сӯи вилоятшавӣ? - аксҳо
Генерал Раҳимзода дар сохтмонҳои Данғара: қадами дигар сӯи вилоятшавӣ? - аксҳо
Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз иншооти умури дохилӣ, ки дар ноҳияи Данғара бунёд шуда истодаанд, боздид кард
2021-08-09T15:06+0500
2021-08-09T15:06+0500
2021-08-09T15:06+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
данғара
вазорати корҳои дохила
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/09/1041510487_0:95:720:500_1920x0_80_0_0_8043587780d2e380b0fd89aeb842eaff.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Генерал Рамазон Раҳимзода аз иншооте боздид кард, ки бояд ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлат ба истифода дода шаванд.ВУД дар феҳрасти иншооти бунёдшаванда дар ноҳияи Данғара шуъбаи Хадамоти давлатии “Муҳофиза” ва Коллеҷи техникӣ-оташнишониро ном бурд.Вазири корҳои дохилӣ дастур додааст, ки дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд биноҳои мазкур бунёд гарданд. Бар асоси аксҳое, ки ВУД нашр кардааст, ки бинои шӯъбаи “Муҳофиза” аз панҷ ошёна иборат мебошад. Коллеҷи оташнишонӣ дар Данғара низ дорои биноҳои панҷошёна мебошад, ки феълан сохтмонашон идома дорад.Ин дар ҳолест, ки қаблан биноҳои бузурги маъмурию маишӣ, аз ҷумла биноҳои мақомоти умури дохилӣ қадаме ба сӯи вилоят шудани ноҳияи Данғара арзёбӣ гардида буданд.Ҷамшед Шарифзода, муовини раиси ноҳияи Данғара, охири июл гуфт, бо қарори ҳукумат дар ноҳия биноҳои бузурги маъмуриву маишиву фарҳангие бунёд мешаванд, ки вижаи як маркази вилоятанд. Ӯ аз Шифохонаи вилоятии сироятии Данғара, раёсати корҳои дохилии ноҳияи Данғара, биноҳои кумитаҳои вилоятии ҳифзи муҳити зист, замин, маркази беҳдоштиву эпидемиологӣ ва ғайра ёдовар шуд.Сарусадоҳо дар бораи табдил ёфтани шаҳраки Данғара ба пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияи Данғара ба вилояти алоҳида солҳо ба ин сӯ идома доранд. Ин гумонҳо бо он тақвият мешаванд, ки Данғара зодгоҳи президенти Тоҷикистон аст.Бино ба ҳадсу гумонҳо, дар сурати ба вилоят табдил ёфтани Данғара қаламрави собиқ вилояти Кӯлоб, шаҳрҳои Нораку Ёвони собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ва ҳам Роғун, ҳоло шаҳре дар Навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба он мулҳақ хоҳанд шуд.Зоҳиран, пас аз ин Данғара ба як вилояти аз лиҳози иқтисодӣ қавии Тоҷикистон табдил хоҳад шуд, зеро корхонаҳои бузург дар Ёвон, нерӯгоҳҳои “Норак” – у “Роғун” ва як қатор корхонаҳои нав, аз қабили Корхонаи полоиши нафт дар худи Данғара дар қаламрави ин вилоят хоҳанд буд ва зарфиятҳои бузурги иқтисодии ҷумҳурӣ дар қаламрави он мунсаҷим хоҳанд шуд.Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ҳамчунин тарҳ дар долонҳои ҳукумат вуҷуд дорад, аммо он қадам ба қадам пеш меравад ва хеле замонгир хоҳад буд.Худи ноҳияи Данғара соли 1932 дар қаламрави собиқ вилояти Кӯлоби Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳоло ҳудуди 150 ҳазор нуфус дорад.
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/09/1041510487_0:27:720:567_1920x0_80_0_0_cfadac9219b16f9f54bbbae96432920d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳимзода, данғара, вилоят, ноҳия
раҳимзода, данғара, вилоят, ноҳия
Генерал Раҳимзода дар сохтмонҳои Данғара: қадами дигар сӯи вилоятшавӣ? - аксҳо
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз иншооти умури дохилӣ, ки дар ноҳияи Данғара бунёд шуда истодаанд, боздид кард
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Генерал Рамазон Раҳимзода аз иншооте боздид кард, ки бояд ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлат ба истифода дода шаванд.
ВУД дар феҳрасти иншооти бунёдшаванда дар ноҳияи Данғара шуъбаи Хадамоти давлатии “Муҳофиза” ва Коллеҷи техникӣ-оташнишониро ном бурд.
Вазири корҳои дохилӣ дастур додааст, ки дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд биноҳои мазкур бунёд гарданд. Бар асоси аксҳое, ки ВУД нашр кардааст, ки бинои шӯъбаи “Муҳофиза” аз панҷ ошёна иборат мебошад. Коллеҷи оташнишонӣ дар Данғара низ дорои биноҳои панҷошёна мебошад, ки феълан сохтмонашон идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан биноҳои бузурги маъмурию маишӣ, аз ҷумла биноҳои мақомоти умури дохилӣ қадаме ба сӯи вилоят шудани ноҳияи Данғара арзёбӣ гардида буданд.
Ҷамшед Шарифзода, муовини раиси ноҳияи Данғара, охири июл гуфт, бо қарори ҳукумат дар ноҳия биноҳои бузурги маъмуриву маишиву фарҳангие бунёд мешаванд, ки вижаи як маркази вилоятанд. Ӯ аз Шифохонаи вилоятии сироятии Данғара, раёсати корҳои дохилии ноҳияи Данғара, биноҳои кумитаҳои вилоятии ҳифзи муҳити зист, замин, маркази беҳдоштиву эпидемиологӣ ва ғайра ёдовар шуд.
“Ин ҳама ба он маъност, ки Данғара вилоят мешавад, аммо дар бораи замони дақиқи он чизе гуфта наметавонем”, - гуфта буд Ҷамшед Шарифзода.
Сарусадоҳо дар бораи табдил ёфтани шаҳраки Данғара ба пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияи Данғара ба вилояти алоҳида солҳо ба ин сӯ идома доранд. Ин гумонҳо бо он тақвият мешаванд, ки Данғара зодгоҳи президенти Тоҷикистон аст.
Бино ба ҳадсу гумонҳо, дар сурати ба вилоят табдил ёфтани Данғара қаламрави собиқ вилояти Кӯлоб, шаҳрҳои Нораку Ёвони собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ва ҳам Роғун, ҳоло шаҳре дар Навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба он мулҳақ хоҳанд шуд.
Зоҳиран, пас аз ин Данғара ба як вилояти аз лиҳози иқтисодӣ қавии Тоҷикистон табдил хоҳад шуд, зеро корхонаҳои бузург дар Ёвон, нерӯгоҳҳои “Норак” – у “Роғун” ва як қатор корхонаҳои нав, аз қабили Корхонаи полоиши нафт дар худи Данғара дар қаламрави ин вилоят хоҳанд буд ва зарфиятҳои бузурги иқтисодии ҷумҳурӣ дар қаламрави он мунсаҷим хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба
Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ҳамчунин тарҳ дар долонҳои ҳукумат вуҷуд дорад, аммо он қадам ба қадам пеш меравад ва хеле замонгир хоҳад буд.
Худи ноҳияи Данғара соли 1932 дар қаламрави собиқ вилояти Кӯлоби Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳоло ҳудуди 150 ҳазор нуфус дорад.