https://sputnik.tj/20210809/dushanbe-muovin-dekan-rishva-bozdosht-1041507260.html
Дар Душанбе муовини декан барои гирифтани ришва боздошт шуд
Дар Душанбе муовини декан барои гирифтани ришва боздошт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Нисбати муовини декани Коллеҷи информатика ва техникаи компютерӣ бо моддаи 247 қисми 2 банди "в, г" Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
2021-08-09T12:07+0500
2021-08-09T12:07+0500
2021-08-09T12:21+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
оҷонсии зидди фасод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/19/1024701978_0:0:5184:2916_1920x0_80_0_0_143d2cd1e66172c535ac985e9fd28375.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як масъули коллеҷ дар Душанбе хабар медиҳад, ки дар гирифтани ришва муттаҳам дониста мешавад.Ба иттилои манбаъ, Қурбонов К.Э. муовини декани факултети технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе мебошад.Гуфта мешавад, номбурда дар давраи фаъолияти кориаш аз як корафтода барои интиқол интиқол додани ӯ аз Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ ба Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе маблағи 4000 сомонӣ талаб намудааст.Манбаъ меафзояд, муовини деканро кормандони оҷонсӣ дар ҳоле боздошт намуданд, ки ӯ аз корафтода маблағи дархосткардаашро гирифт."Маблағи аз ӯ гирифташуда ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд", - таъкид мешавад дар хабар.Дар ҳамин ҳол, нисбати номбурда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "в, г" парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол карда шуд.
https://sputnik.tj/20210803/ozhons-fasod-sughd-bozdosht-kormand-sharh-1041367299.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/19/1024701978_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_38d4205fa73bbbbeca8bd7510f1a6af7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе фасод оҷонсии зидди фасод
душанбе фасод оҷонсии зидди фасод
Дар Душанбе муовини декан барои гирифтани ришва боздошт шуд
12:07 09.08.2021 (Навсозишуда: 12:21 09.08.2021) Нисбати муовини декани Коллеҷи информатика ва техникаи компютерӣ бо моддаи 247 қисми 2 банди "в, г" Кодекси ҷиноятӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як масъули коллеҷ дар Душанбе хабар медиҳад, ки дар гирифтани ришва муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ, Қурбонов К.Э. муовини декани факултети технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе мебошад.
Гуфта мешавад, номбурда дар давраи фаъолияти кориаш аз як корафтода барои интиқол интиқол додани ӯ аз Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ ба Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе маблағи 4000 сомонӣ талаб намудааст.
Манбаъ меафзояд, муовини деканро кормандони оҷонсӣ дар ҳоле боздошт намуданд, ки ӯ аз корафтода маблағи дархосткардаашро гирифт.
"Маблағи аз ӯ гирифташуда ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд", - таъкид мешавад дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, нисбати номбурда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "в, г" парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол карда шуд.