Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Душанбеву Бишкек масъалаи марзро баррасӣ карда, ба протоколи навбатӣ имзо гузоштанд

© МИД РТВстреча топографических рабочих групп правительственных делегаций Республики Таджикистан и Кыргызской Республики
Встреча топографических рабочих групп правительственных делегаций Республики Таджикистан и Кыргызской Республики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Обуна шудан
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки як мулоқоти дигар сари ин масъаларо дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мекунанд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи навбатии намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо аз 4 то 9 август сари мизи гуфтушунид нишаста буданд.
Масъалаи марзро гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ карданд.
Манбаъ меафзояд, пас аз анҷоми мулоқот Протоколи дахлдор имзо гардидааст, вале дақиқан зикр нашудааст, ки ин протокол чиро дарбар мегирад.
На кыргызско-таджикской границе проводится совместная специальная пограничная операция по противодействию контрабанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон амалиёти вижа мегузаронад - аксҳо
Ҳамзамон Вазорат қайд намуд, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон доир кунанд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Пайи тиру туп ва нишонаи ҷанг: муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - акс
1/10

Дар ҳоли ҳозир, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба эътидол омадааст

Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар тирпарронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз дар бисёри ҳолатҳо бо муноқиша ва баъзан бо тирпаронию марги одамон меанҷомад.
Лентаи хабарҳо
0