То 42 дараҷа гарм: пешгӯии ҳавои нимаи август дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки идут по улице в защитных масках
Девушки идут по улице в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Обуна шудан
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки нимаи август сокинони ҷумҳуриро чигуна ҳаво интизор аст
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ҳафтаи ҷадид дар Тоҷикистон аз 9 то 15 август гарм хоҳад буд, пешгӯӣ кардаанд ҳавошиносони ҷумҳурӣ.
Ба иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳарорат аз 35℃ то 38℃ - ро ташкил хоҳад дод. Дар бархе ҳолатҳо гармӣ то ба 42℃ хоҳад расид. Суръати шамол аз 6 то 9 метр дар як сонияро ташкил хоҳад дод.
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Рӯзона бебориш, шабона салқин: ҳавои Тоҷикистон моҳи август чӣ гуна мешавад
Дар вилояти Суғд ҳафта салқинтар хоҳад буд. Ҳавошиносон гармии 29℃ то 34℃ - ро пешгӯӣ мекунанд. Дар бархе навоҳӣ ҳарорат то 36℃ мерасад. Дар ин минтақа инчунин раъду барқ ва коҳиши ҳарорат то 26 дараҷа пешгӯӣ мешавад.
Дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон гармии ҳаво аз 26℃ то 29℃ дар назар мебошад.
Гармии ҳаво дар Душанбе то 39 дараҷаи Селсий дар назар аст. Аммо дар рӯзҳои истироҳат дамои ҳаво то 32-33℃ поин меравад.
Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво аз 29℃ то 32℃ пешгӯӣ мешавад. Суръати бод дар пойтахти Тоҷикистон то 15 метр дар як сония дар назар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0