https://sputnik.tj/20210809/afghoniston-hezishho-mardum-musallah-1041521914.html
Дар Афғонистон хезишҳои мардумӣ фавран мусаллаҳ карда мешаванд
Дар Афғонистон хезишҳои мардумӣ фавран мусаллаҳ карда мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Ғанӣ тасмим гирифтааст, ки дар пайи ҳамлаи Толибон* дар Афғонистон хезишҳои мардумиро мусаллаҳ созад
2021-08-09T20:42+0500
2021-08-09T20:42+0500
2021-08-09T21:09+0500
афғонистон
ашраф ғанӣ
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/05/1040645402_0:120:3072:1848_1920x0_80_0_0_c5a7f89d8921913993e3db47c5f68527.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Афғонистон хезишҳои мардумӣ фавран мусаллаҳ карда мешаванд. Ин тасмим дар мулоқоти раҳбарони сиёсии ҷумҳурӣ бо президент Ашраф Ғанӣ гирифта шудааст.Ин чора аз ҷониби мақомоти кишвар дар пасманзари ҳамлаи аъзоёни ҷунбиши радикалии Толибон* гирифта шудааст. Қаблан маълум шуд, ки ҷангҷӯён ба Мазори Шариф ҳамла кардаанд. Шаҳр маркази маъмурии вилояти Балх ва бузургтарин нуқтаи аҳолинишин дар шимоли ҷумҳурӣ мебошад.Як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, феълан дар наздикии Мазори Шариф задухӯрдҳои шадид идома доранд. Ба гуфтаи сухангӯи Толибон* Забиуллоҳ Муҷоҳид, вазъ дар Афғонистон аз назорати ҳукумат берун аст."Нерӯҳои мо бо суръати мӯътадил пеш мераванд ва Мазори Шариф ба зудӣ суқут мекунад. Мо инчунин мекӯшем оромона ба дигар шаҳрҳои боқимонда ҳаракат кунем", - гуфт ӯ дар суҳбат бо РИА Новости.Пештар Толибон* бори аввал дар панҷ сол маркази вилоятеро ишғол карданд: шаҳри Заранҷ таҳти назорати радикалҳо қарор гирифт.Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210715/honaho-vayron-omdagii-mardum-nabard-tolibon-1040908420.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/05/1040645402_256:0:2987:2048_1920x0_80_0_0_efcac1227c6eda0b204e25433e7ce18d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, хезишҳои мардумӣ, мусаллаҳ, ғанӣ
афғонистон, хезишҳои мардумӣ, мусаллаҳ, ғанӣ
Дар Афғонистон хезишҳои мардумӣ фавран мусаллаҳ карда мешаванд
20:42 09.08.2021 (Навсозишуда: 21:09 09.08.2021) Ғанӣ тасмим гирифтааст, ки дар пайи ҳамлаи Толибон* дар Афғонистон хезишҳои мардумиро мусаллаҳ созад
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Афғонистон хезишҳои мардумӣ фавран мусаллаҳ карда мешаванд. Ин тасмим дар мулоқоти раҳбарони сиёсии ҷумҳурӣ бо президент Ашраф Ғанӣ гирифта шудааст.
"Дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки барои дастгирии хадамоти амниятӣ,хезишҳои мардумиро саривақт мусаллаҳ созанд", - қайд кардаанд аз маъмурияти Ғанӣ.
Ин чора аз ҷониби мақомоти кишвар дар пасманзари ҳамлаи аъзоёни ҷунбиши радикалии Толибон* гирифта шудааст.
Қаблан маълум шуд, ки ҷангҷӯён ба Мазори Шариф ҳамла кардаанд. Шаҳр маркази маъмурии вилояти Балх ва бузургтарин нуқтаи аҳолинишин дар шимоли ҷумҳурӣ мебошад.
Як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, феълан дар наздикии Мазори Шариф задухӯрдҳои шадид идома доранд.
Ба гуфтаи сухангӯи Толибон* Забиуллоҳ Муҷоҳид, вазъ дар Афғонистон аз назорати ҳукумат берун аст.
"Нерӯҳои мо бо суръати мӯътадил пеш мераванд ва Мазори Шариф ба зудӣ суқут мекунад. Мо инчунин мекӯшем оромона ба дигар шаҳрҳои боқимонда ҳаракат кунем", - гуфт ӯ дар суҳбат бо РИА Новости.
Пештар Толибон* бори аввал дар панҷ сол маркази вилоятеро ишғол карданд: шаҳри Заранҷ таҳти назорати радикалҳо қарор гирифт.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.