https://sputnik.tj/20210808/samarqand-dehqon-bangdona-parvarish-1041500708.html
Дар Самарқанд як деҳқон дар замини худ бангдона парвариш мекард
Дар Самарқанд як деҳқон дар замини худ бангдона парвариш мекард
Sputnik Тоҷикистон
Дар маҷмӯъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар замин 2160 бех каннабис, дар ҳавлии хона беш аз 500 буттаи хушки бангдона ва тақрибан 100 грамм тухм дар болои... 08.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-08T17:45+0500
2021-08-08T17:45+0500
2021-08-08T17:45+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ӯзбекистон
самарқанд
парвариш
бангдона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/08/1041500672_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_dff4fcd2cc27f7f6cbf3abf719eb698f.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Марде дар Самарқанд бангдона парвариш мекард. Хадамоти матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Самарқанд хабар медиҳад, ки аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 2000 бех бути ин ниҳол ёфт шудааст, менависад Sputnik Ӯзбекистон.Ин ҳодиса дар маҳаллаи "Олмазар" -и ноҳияи Ҷамбойи вилоят рух додааст. Як деҳқони маҳаллӣ тавонистааст растании мамнӯъро шинонад, парвариш намояд ва хушк кунад.Дар маҷмӯъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар саҳро 2160 бех каннабис, дар ҳавлии хона беш аз 500 буттаи хушки бангдона ва тақрибан 100 грамм тухм дар болои оташдон пайдо кардаанд. Моҳи ноябри соли гузашта Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон бо ширкати Малтабаи Melabis дар бораи ҳамкорӣ дар парвариши каннабис бо мақсадҳои тиббӣ меморандум ба имзо расонид. Дар Тоҷикистон теъдоди нашъамандон афзудааст: занон ҳам ҳастандҚарор буд, ки барои иҷрои ин тарҳ 33 миллион доллар сармоягузорӣ шавад. Ҳамин тавр, шояд, деҳқони самарқандӣ ҳадафҳои тиббиро пайгирӣ мекард. Мақсади асосии деҳқонро - кормандони ҳифзи ҳуқуқ хоҳанд фаҳмид.
https://sputnik.tj/20210715/afun-bangdona-agenti-mavod-muhaddir-musodira-1040899291.html
ӯзбекистон
самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/08/1041500672_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_f350bcbca1e97a25558c373218b314b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ӯзбекистон, самарқанд, парвариш, бангдона
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ӯзбекистон, самарқанд, парвариш, бангдона
Дар Самарқанд як деҳқон дар замини худ бангдона парвариш мекард
Дар маҷмӯъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар замин 2160 бех каннабис, дар ҳавлии хона беш аз 500 буттаи хушки бангдона ва тақрибан 100 грамм тухм дар болои оташдон пайдо кардаанд
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Марде дар Самарқанд бангдона парвариш мекард. Хадамоти матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Самарқанд хабар медиҳад, ки аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 2000 бех бути ин ниҳол ёфт шудааст, менависад
Sputnik Ӯзбекистон.
Ин ҳодиса дар маҳаллаи "Олмазар" -и ноҳияи Ҷамбойи вилоят рух додааст. Як деҳқони маҳаллӣ тавонистааст растании мамнӯъро шинонад, парвариш намояд ва хушк кунад.
Дар маҷмӯъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар саҳро 2160 бех каннабис, дар ҳавлии хона беш аз 500 буттаи хушки бангдона ва тақрибан 100 грамм тухм дар болои оташдон пайдо кардаанд.
Моҳи ноябри соли гузашта Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон бо ширкати Малтабаи Melabis дар бораи ҳамкорӣ дар парвариши каннабис бо мақсадҳои тиббӣ меморандум ба имзо расонид.
Қарор буд, ки барои иҷрои ин тарҳ 33 миллион доллар сармоягузорӣ шавад.
Ҳамин тавр, шояд, деҳқони самарқандӣ ҳадафҳои тиббиро пайгирӣ мекард. Мақсади асосии деҳқонро - кормандони ҳифзи ҳуқуқ хоҳанд фаҳмид.