https://sputnik.tj/20210807/maslihat-shuro-pisare-padar-pul-rusiya-1041488481.html
Маслиҳати Шӯро ба писаре, ки падараш дар Русия пулро харҷи ошиқӣ бо зани шавҳардор мекунад
Маслиҳати Шӯро ба писаре, ки падараш дар Русия пулро харҷи ошиқӣ бо зани шавҳардор мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Писари марде, ки дар Русия овораи зани шавҳардор шудаасту пулҳои ёфтаашро харҷи муносибот бо ӯ мекунад, аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон маслиҳат пурсидааст
2021-08-07T15:09+0500
2021-08-07T15:09+0500
2021-08-07T15:47+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
муҳоҷират
хиёнат
зинокор
зан
оила
шавҳар
ошиқӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/44/1029624467_0:85:1620:996_1920x0_80_0_0_a4794372e1fbad76de6eb35faac36cab.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Суҳроб, як муҳоҷири тоҷик, ки мегӯяд, оилаашон қарздор асту худаш тоза ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ омадааст, аз муносиботи падараш бо зани шавҳардор огоҳ шуда, аз Шӯрои уламо маслиҳат хостааст.“Ман ба хотири Аллоҳ волидонамро эҳтиром мекунам. Аммо падарам пулҳояшро бо он бероҳа сарф мекунад. Мегуфтед, ки ҳукми ин ҳарду чист?”, - суол гузоштааст Суҳроб.Шӯрои уламо посух додааст, ки аз нигоҳи шариат зино гуноҳи кабира аст ва оқибати ногувор ва наҳсию бебаракатӣ дар пай дорад, марду зани зинокорро азоби дарднок интизор аст.Ин маслиҳат дар ҳолест, ки бар асоси бархе аз гузоришҳо муҳоҷирати меҳнатӣ ва дурии давомдор аз ҳамдигар дар баъзе ҳолатҳо боиси аз ҳампошии оилаҳо дар Тоҷикистон мегардад. Бархе корбарон аз мардон шикоят доранд, ки дар Русия овораи занҳои дигар мешаванду аз оилаҳояшон дар Ватан фаромӯш месозанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/44/1029624467_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_66305a822545de7115a6324ef377bf85.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маслиҳат, шӯро, зан, шавҳардор
маслиҳат, шӯро, зан, шавҳардор
Маслиҳати Шӯро ба писаре, ки падараш дар Русия пулро харҷи ошиқӣ бо зани шавҳардор мекунад
15:09 07.08.2021 (Навсозишуда: 15:47 07.08.2021) Писари марде, ки дар Русия овораи зани шавҳардор шудаасту пулҳои ёфтаашро харҷи муносибот бо ӯ мекунад, аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон маслиҳат пурсидааст
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Суҳроб, як муҳоҷири тоҷик, ки мегӯяд, оилаашон қарздор асту худаш тоза ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ омадааст, аз муносиботи падараш бо зани шавҳардор огоҳ шуда, аз Шӯрои уламо маслиҳат хостааст.
“Ман ба хотири Аллоҳ волидонамро эҳтиром мекунам. Аммо падарам пулҳояшро бо он бероҳа сарф мекунад. Мегуфтед, ки ҳукми ин ҳарду чист?”, - суол гузоштааст Суҳроб.
Шӯрои уламо посух додааст, ки аз нигоҳи шариат зино гуноҳи кабира аст ва оқибати ногувор ва наҳсию бебаракатӣ дар пай дорад, марду зани зинокорро азоби дарднок интизор аст.
“Шумо дуои хайр кунед ва барои падаратон аз даргоҳи Худованд тавфиқу ҳидояти комил бихоҳед, умед аст, ки ҳидоят меёбад ва ислоҳ мешавад. Ҳамзамон аз ягон шахсе, ки падаратон ба ӯ ихлос ё эътимод дорад, дархост кунед, то падаратонро насиҳат кунад”, - тавсия додааст Шӯро.
Ин маслиҳат дар ҳолест, ки бар асоси бархе аз гузоришҳо муҳоҷирати меҳнатӣ ва дурии давомдор аз ҳамдигар дар баъзе ҳолатҳо боиси аз ҳампошии оилаҳо дар Тоҷикистон мегардад. Бархе корбарон аз мардон шикоят доранд, ки дар Русия овораи занҳои дигар мешаванду аз оилаҳояшон дар Ватан фаромӯш месозанд.