Дар Суғд 2 ҳазору 180 нафарро газидаанд: Усмонова аз сокинон хост, эҳтиёткор бошанд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкСобака, архивное фото
Собака, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Обуна шудан
Мақомоти Суғд, сагҳои бесоҳибро аз мушкилоти асосӣ хонда, изҳор медоранд, ки тайи шаш моҳ ҳайвонот беш аз 2 ҳазор нафарро газидаанд
ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Таҳмина Усмонова, роҳбари Маркази назорати санитарӣ-эпидемиологӣ (СЭС) дар вилояти Суғд, мегӯяд, тайи шаш моҳи соли 2021 дар ҳудуди вилоят 2180 ҳодисаи захмдоршавии шаҳрвандон аз газидани ҳайвонот сабт шудааст. Ба иттилои нашрияи "Пайк", Усмонова аз афзоиши чунин ҳолатҳо нигаронӣ карда, афзудааст, ки газидани ҳайвонот 132 ҳолат зиёд шудаст.
Манбаъ аз қавли Усмонова афзуд, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои захмдоршавии одамон аз газидани ҳайвонот ягон нафар ба бемории ҳорӣ гирифтор нашудаанд.
"Аммо бо вуҷуди ин ҳам соҳибони ҳайвонот ва ҳам худи сокинон бояд ҳушёр ва ғамхори сиҳатии хеш бошанд", - таъкид намуд Усмонова.
Масъулин роҳи ҳаллиин проблемаро дар несту нобуд кардани сагҳои бесоҳиб медонанд.
Духтур Абдуҷаббор Ғафуров дар хитоб ба сокинон гуфт, гуфт, дар ҳолати осеб дидан аз саг саривақт ба духтур муроҷиат кунанд ва асло ба худтабобаткунӣ напардозанд.
"Худтабобаткунӣ омили хавфнок буда дар ин масъала бепарвоӣ, аз девонашавӣ то ба марг оварда мерасонад", - ҳушдор дод Ғафуров.
Ӯ афзудааст, ки ба осебдидагон ваксинаҳои зиддисироятӣ гузаронида мешавад ва барои бехатарӣ 6 сӯзандору мегиранд.
Черный кот - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Қонуни нав: То 600 сомонӣ ҷарима барои бераҳмӣ нисбати саг, гурба, гов, буз, гӯсфанд, мурғ
"Инчунин ҳамон саге, ки осеб расондааст, 10 рӯз нигаҳдорӣ ва зери назорат гирифта мешавад то солимии он муайян карда шавад" - афзуд Ғафурзода.
Ин дар ҳолест, ки мушкили сагони бесоҳиб дар Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд чанд сол аст, ки ҳалли худро намеёбад. Нобудсозии сагон, ки мақомдорон роҳандозӣ намудаанд, боиси норозигии муҳофизони ҳайвонот шудаанд. Мақомдорон барои бунёди як паноҳгоҳ барои сагони бесоҳиб дар шаҳри Хуҷанд ваъда дода буданд, аммо амалан то ҳол коре дар ин самт анҷом дода нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0