"Бошбулоқи Данғараро ҷаннат сохту ифтитоҳашро надид": ёди Қаюмов, қурбонии COVID-19

© facebook/Шоира РахимчонСоҳибкор Қаюм Мирзоев
Соҳибкор Қаюм Мирзоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Обуна шудан
Мирзо Қаюмов, соҳибкори тоҷик яке аз қурбониёни бемории коронавирус, ният доштааст, иншооти сохтааш ба муносибати 30 – солагии Истиқлолро тақдими мардум намояд, аммо умр вафо накард
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Мирзо Қаюмов, соҳибкори тоҷик, ки ба иттилои наздиконаш бар асари коронавирус дар синни 64 даргузашт, дар деҳаи падарияш – Бошбулоқи Данғара чандин иншоот сохта, ният дошт дар ҷашни Истиқлол тақдим намояд.

“Дар Бошбулоқи Данғара, дар 1 биёбони беобу долу дарахт, 1 оазис, 1 ҷаннат дар замин офарид. Роҳҳои деҳаи падариро аз ҳисоби худаш асфалтпӯш намуд ва мехост ин ҳама объектҳоро дар рӯзи 30-солагии Истиқлолият ба миллати тоҷик тӯҳфа кунад. Дареғу дод, ки рафт ва кушодашавии роҳашро, ки хайри ҷория аст, надид”, - навиштааст дӯсташ Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи “СССР”.

Қаюмов охирҳои моҳи июл дар ҳоле ҷаҳонро падруд гуфт, ки ба иттилои наздикон ҳолаш беҳбуд ёфта буду, ташдиди касал паси сар шуд.
Сайёфи Мизроб менависад, ки марҳум хеле олуфта буд ва намехост, дӯстонашро бо хабари он, ки гирифтори коронавирус асту дар беморхонаи мавсум ба клиникаи Мансуров хоб, зиқ кунад.
Хайём Худойдодов, яке аз мутахассисони соҳаи бонкдорӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Даргузашти Хайём Худойдодов, бонкдори шинохтаи тоҷик: 39 сол дошт
Аз ӯ соҳибкори таҷрибадор ёд мешавад, ки гуфтаи Сайёфи Мизроб ҳанӯз аз замони шӯравӣ корро аз ширкати “Интурист” оғоз карда буд.
Таъкид шудааст, ки марҳум фарҳангдӯст буду шеърро ба ҳадди олӣ мефаҳмид ва ашъори Гулрухсор, Бозор, Лоиқро аз ёд медонист.
Лентаи хабарҳо
0