Зодрӯзи Муҳиддин Фарҳод: 7 август дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 7 августа
День 7 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Обуна шудан
Рӯзи ҳафтуми август - дар Кот-д’Ивуар- Рӯзи истиқлолият, дар Карибати – Рӯзи ҷавонон мебошад

Рӯзи 7 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1889 дар ИМА охирин маротиба муҳорибаи бокс бидуни дастпӯш баргузор гашт.
Соли 1914 Чин нисбат ба ҷанги якуми ҷаҳон бетарафии худро эълон кард.
Соли 1945 амрикоиҳо ба шаҳри Хиросимаи Япония бомбаи атомӣ партофтанд.
Соли 1991 Бангладеш аз шакли идоракунии президентӣ даст кашида, ба шакли идоракунии парламентӣ гузашт.
День 6 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Тақдими камарбанди сиёҳ ва кимоно ба Эмомалӣ Раҳмон: 6 август дар таърих
Соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи "Прогресс"-ро ба кайҳон сар дод.
Соли 1889 дар Лондон меҳмонхонаи "Савой" кушода шуд, ки аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон ҳамчун меҳмонхонаи ҳамаи ҳуҷраҳояш дорои ҳаммом ном баровард.
Соли 1929 аввалин маротиба дар Британияи Кабир курсҳои омӯзиши ронандагӣ роҳандозӣ гардиданд.

Рӯзи 7 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони Осорхонаи миллии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшид. Осорхонаи мазкур имрӯз ба яке аз марказҳои асосии илму маориф ва фарҳанги мамлакат табдил ёфтааст.
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе Ращмон беш аз 200 нафар кормандони соҳаҳои иқтисодию истеҳсолии ҷумҳуриро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонид.
Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи воҳиди махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба муносибати 20-солагии таъсиси он сафар карда, бо шароити нави муҳайёгардида ва омодагии касбии ҳайати шахсӣ бевосита шинос шуд.
День 5 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Манъи бисёрзанӣ дар Туркия ва заминҷунбии мудҳиш дар Перу: 5 август дар таърих
Соли 2014 Президенти Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расонид.
Соли 2016 дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаҳои мунтахабаи "Истиқлол" ва "Ҳосилот" бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 август

Дар Кот-д’Ивуар- Рӯзи истиқлолият.
Дар Карибати – Рӯзи ҷавонон.
Дар Самоаи Ғарбӣ – Рӯзи меҳнат.

Рӯзи 7 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1924-1984) – шоир Муҳиддин Фарҳод.
Соли 1935 – ҳунарманди кино ва рассом Шавкат Абдусаломов.
Соли 1947 - ҳунарманди театр ва кино Раҷабгул Қосимова.
Лентаи хабарҳо
0