Зани ҷавон марди ҳамсояшро корд зад: ВКД сабабшро гуфт

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як зани 26-сола, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хубар дод, ки дар кордзадани як мард гумонбар дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ахиран зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсияи кишвар зани 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар боздошт карданд.
Манбаъ хабар додааст, ки зани 26-сол санаи 2-юми августи соли равон, дар хонаи истиқоматиаш бо марди 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур аз сабаби муноқишаи ба миёномада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шиками ӯ задааст.
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Муноқишаи нимашабии зани 26 - сола бо ҳамсоя, ба кордкашӣ анҷомид
ВКД қайд кардааст, ки дар натиҷа, мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷавони 26-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВКД Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардидааст ва ҳоло тафтишот аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0