https://sputnik.tj/20210806/vazorat-sharoit-tabobat-covid-dushanbe-1041456558.html
Вазорати тандурустӣ гуфт, шароити табобати COVID дар Душанбе хуб аст
Вазорати тандурустӣ гуфт, шароити табобати COVID дар Душанбе хуб аст
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Вазорати тандурустӣ бо хешу ақрабои беморон суҳбат кардаанд
2021-08-06T14:25+0500
2021-08-06T14:25+0500
2021-08-06T14:25+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
боздид
шароит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041453213_23:0:978:537_1920x0_80_0_0_c620e53f10171bdc81f8a67d891270a1.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Муовиниони вазири тандурустӣ рафти табобати беморони COVID -ро дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе санҷиданд.Бар хабари Вазорати тандурустӣ, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Зулфия Абдусаматзода аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дидан намудаанд.Муовинон бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони бемории COVID-19 шинос шудаанд.Гуфта мешавад, ки дар муассисаҳои тандурустие, ки гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 бистарӣ шудаанд, шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, табибон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.Манбаъ таъкид кардааст, ки дар муассисаҳо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва дигар мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд.Пешниҳоди ҷорӣ кардани 20 рӯз қарантина дар Тоҷикистон: муроҷиатномаи Ҳизби демократНамояндагони вазорат бо пайвандони беморон, суҳбат карда гуфтаанд, ки Ҳукумат баҳри табобат тамоми тадбирҳои заруриро хоҳад андешид.Ин дар ҳолест, ки омори ҳаррӯзаи Вазорат аз афзоиши бемории коронавррус дар кишвар шаҳоддат медиҳад. Танҳо дар давоми моҳи июл ин вабои аср ҷони 31 танрро гирифт.
https://sputnik.tj/20210805/holiqzoda-vaksinzani-avj-bemori-zarurati-qarantin-1041418558.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041453213_142:0:858:537_1920x0_80_0_0_19da9024cb61737495b165b05b954680.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
табобат, вазорати тандурустӣ, коронавирус
табобат, вазорати тандурустӣ, коронавирус
Вазорати тандурустӣ гуфт, шароити табобати COVID дар Душанбе хуб аст
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар табобатгоҳи “Шифобахш” ва Беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе табибон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Муовиниони вазири тандурустӣ рафти табобати беморони COVID -ро дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе санҷиданд.
Бар хабари Вазорати тандурустӣ, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Зулфия Абдусаматзода аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дидан намудаанд.
Муовинон бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони бемории COVID-19 шинос шудаанд.
Гуфта мешавад, ки "дар ин ҷо беморон ба таври шабонарӯзӣ таҳти назорати табибон қарор доранд ва табибон баҳри наҷоти ҷони кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳанд сохт".
Гуфта мешавад, ки дар муассисаҳои тандурустие, ки гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 бистарӣ шудаанд, шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, табибон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар муассисаҳо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва дигар мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд.
Намояндагони вазорат бо пайвандони беморон, суҳбат карда гуфтаанд, ки Ҳукумат баҳри табобат тамоми тадбирҳои заруриро хоҳад андешид.
Ин дар ҳолест, ки омори ҳаррӯзаи Вазорат аз афзоиши бемории коронавррус дар кишвар шаҳоддат медиҳад.
Танҳо дар давоми моҳи июл ин вабои аср ҷони 31 танрро гирифт.