Таҳдиди Қазоқистон ба Аврупо: содироти нафтро қатъ мекунем

© AP / LESLIE MAZOCHНасос на нефтедобывающей станции
Насос на нефтедобывающей станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Обуна шудан
Қазоқистон ба Аврупо таҳдид кардааст, ки интиқоли нафтро метавонад қатъ намояд
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Муовини вазири энергетикаи Қазоқистон Ҷумъабой Карагаев гуфт, ки Қазоқистон метавонад содироти нафти худро ба кишварҳои Аврупо қатъ намояд.
Ба гуфтаи ӯ, Иттиҳодияи Аврупо агар андози “карбонӣ”-ро ҷорӣ кунад, Нур-Султон дар интиқоли сӯзишворӣ ба Чин ва кишварҳои Осиёи Ҷанубиву Шарқӣ таҷдиди назар мекунад.
Дар баробари ин, Карагаев таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба самти истихроҷи экологӣ ва интиқоли нафт ҷалб кард.
Вай таъкид кард, ки технологияҳои муосир имкон доранд то ҳадди имкон ба муҳити зист таъсири манфӣ расонанд.
Нефтяные насосы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Бозори гарони нафт: Русия чӣ қадар фоида ба даст меорад
Ёдрас мешавем, ки 14 июл Комиссияи Аврупо лоиҳаи танзими фаромарзии карбониро муаррифӣ кард. Ин санад дар бораи ҷорӣ кардани андоз аз воридоти молҳои дорои изи карбонӣ дар давраи солҳои 2023 то 2026 мебошад.
Тибқи ҳисобҳои The Boston Consulting Group (BCG), андози нав то соли 2026 ба ширкатҳои русӣ аз 1,8 то 3,4 миллиард доллар зарар меорад. То соли 2030 он метавонад аз 3,5 то 6,5 миллиард доллар афзоиш ёбад.
Коршиносон бар ин боваранд, ки дар тӯли 10 сол бо ислоҳи механизм пардохтҳо метавонанд ба 12 миллиард доллар бирасанд.
Лентаи хабарҳо
0