https://sputnik.tj/20210806/ogahi-mehmonon-sohibmulkon-istirohatgohhoi-sugd-1041459452.html
Огаҳӣ ба меҳмонону соҳибмулкони истироҳатгоҳҳои Суғд: назорати коронаиро пурзур намоед
Огаҳӣ ба меҳмонону соҳибмулкони истироҳатгоҳҳои Суғд: назорати коронаиро пурзур намоед
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар мавзеъҳои истироҳатӣ шаҳри Гулистон як аксия таблиғотӣ анҷом доданд
2021-08-06T16:00+0500
2021-08-06T16:00+0500
2021-08-06T16:32+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
суғд
кҳф
беҳдоштӣ
аксия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/35/1028633574_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_125e0f91548fa58a5a37078d99e519e5.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ахиран эълон кардааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии вируси корона дар вилоят, дар мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла обутобгоҳҳои “Сайёд”, “Баҳористон”, “Шифо” ва маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор шудааст.Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ кормандони бахши Раёсати КҲФ вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли бемории сироятии коронавирус (СОVID-19) дар мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла обутобгоҳҳои “Сайёд”, “Баҳористон”, “Шифо” ва маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, ки бештари аҳолӣ ва меҳмонон дар ин мавзеъҳо истироҳат мекунанд, аксия гузаронида, ба сокинон маводи иттилоотӣ тақсим карданд.Манбаъ илова кардааст, ки ба соҳибмулкони истироҳатгоҳҳо расонида шуд, ки барои пешгирии интиқоли беморӣ дар ҷойҳои корӣ назоратро пурзӯр намоянд.Ҳамзамон, манбаъ қайд кардааст, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши ғарқшавии шаҳрвандон дар истироҳатгоҳҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба риоя намудани қоидаҳои шиноварӣ дар байни аҳолӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/35/1028633574_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_d3aac6dedf9361f996cbeec7ee0902c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, гулистон, оогаҳӣ, коронавирус, кҳф, истироҳатгоҳ
тоҷикистон, суғд, гулистон, оогаҳӣ, коронавирус, кҳф, истироҳатгоҳ
Огаҳӣ ба меҳмонону соҳибмулкони истироҳатгоҳҳои Суғд: назорати коронаиро пурзур намоед
16:00 06.08.2021 (Навсозишуда: 16:32 06.08.2021) Мақомоти Суғд барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар мавзеъҳои истироҳатӣ шаҳри Гулистон як аксия таблиғотӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ахиран эълон кардааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии вируси корона дар вилоят, дар мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла обутобгоҳҳои “Сайёд”, “Баҳористон”, “Шифо” ва маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ кормандони бахши Раёсати КҲФ вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли бемории сироятии коронавирус (СОVID-19) дар мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла обутобгоҳҳои “Сайёд”, “Баҳористон”, “Шифо” ва маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, ки бештари аҳолӣ ва меҳмонон дар ин мавзеъҳо истироҳат мекунанд, аксия гузаронида, ба сокинон маводи иттилоотӣ тақсим карданд.
Манбаъ илова кардааст, ки ба соҳибмулкони истироҳатгоҳҳо расонида шуд, ки барои пешгирии интиқоли беморӣ дар ҷойҳои корӣ назоратро пурзӯр намоянд.
Ҳамзамон, манбаъ қайд кардааст, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши ғарқшавии шаҳрвандон дар истироҳатгоҳҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба риоя намудани қоидаҳои шиноварӣ дар байни аҳолӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.