https://sputnik.tj/20210806/muhammad-boqir-qolibof-fasli-nav-eron-tojikiston-1041455793.html
Муҳаммад Боқир Қолибоф аз оғози фасли нав дар муносиботи Эрону Тоҷикистон гуфт
Муҳаммад Боқир Қолибоф аз оғози фасли нав дар муносиботи Эрону Тоҷикистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
2021-08-06T14:10+0500
2021-08-06T14:10+0500
2021-08-06T14:10+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
парлумон
эрон
ҳамкорӣ
маҳмадтоир зокирзода
густариш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041455285_0:262:3072:1990_1920x0_80_0_0_fa36235e2884ebfb94692e24e3fef3bd.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагон омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои таҳкими равобит бо Эрон баён дошта, дар ин раванд тамосҳои мунтазами сатҳи олиро муҳим хондааст.Ба иттилои котиботи парлумони Тоҷикистон, феълан бо Эрон беш аз 160 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки онҳо муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро ҳамоҳанг ва дурнамои онҳоро муайян месозанд.Зокирзода таъкид намудаст, ки барои тақвият додани ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эрон ҳанӯз имконияту иқтидорҳо дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикӣ мавҷуданд.Ҷониби Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки дар ин бахшҳо ҳамкориҳо бо Эрон дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ намояд, омадааст дар иттилоия.“Мо метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарломунӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкориҳои судмандро тақвият бахшем”, - омадааст дар иттилоия.Дар навбати худ Муҳаммад Боқир Қолибоф сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба Эрон оғози фасли нав дар муносибатҳои ду кишвари бародар шумурда, хостори тақвияти ҳамкории маҷлисҳои ду кишвар аз тариқи фаъол намудани гуруҳҳои дӯстии муштарак гардид.
https://sputnik.tj/20210806/raisi-ravobit-tehronu-dushanbe-1041453216.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041455285_239:0:2970:2048_1920x0_80_0_0_68d662f6ec76f61928dcc05ae76837c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамкорӣ, густариш, фасл, эрон, тоҷикистон
ҳамкорӣ, густариш, фасл, эрон, тоҷикистон
Муҳаммад Боқир Қолибоф аз оғози фасли нав дар муносиботи Эрону Тоҷикистон гуфт
Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагон омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои таҳкими равобит бо Эрон баён дошта, дар ин раванд тамосҳои мунтазами сатҳи олиро муҳим хондааст.
Ба иттилои котиботи парлумони Тоҷикистон, феълан бо Эрон беш аз 160 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки онҳо муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро ҳамоҳанг ва дурнамои онҳоро муайян месозанд.
Зокирзода таъкид намудаст, ки барои тақвият додани ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эрон ҳанӯз имконияту иқтидорҳо дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикӣ мавҷуданд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки дар ин бахшҳо ҳамкориҳо бо Эрон дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ намояд, омадааст дар иттилоия.
“Мо метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарломунӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкориҳои судмандро тақвият бахшем”, - омадааст дар иттилоия.
Дар навбати худ Муҳаммад Боқир Қолибоф сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба Эрон оғози фасли нав дар муносибатҳои ду кишвари бародар шумурда, хостори тақвияти ҳамкории маҷлисҳои ду кишвар аз тариқи фаъол намудани гуруҳҳои дӯстии муштарак гардид.