https://sputnik.tj/20210806/jasad-duhtar-17-sola-vahsh-paydo-1041452160.html
Ҷасади духтари 17-сола пас аз як ҳафта дар Вахш пайдо шуд
Ҷасади духтари 17-сола пас аз як ҳафта дар Вахш пайдо шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷасади духтари 17-сола як километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд
2021-08-06T12:33+0500
2021-08-06T12:33+0500
2021-08-06T12:33+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
ҷасад
ҷавон
духтар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_402:50:3008:1516_1920x0_80_0_0_aba6fb4f496705aca35a32fa0e51abb0.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Баъди ҷустуҷӯҳои якҳафтаина билохира ҷасади навраси ғарқшуда дар дарёи Вахш пайдо шуд.Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.Бино ба гузориши манбаъ, ҷасади духтар, тахминан соати 16:00 рӯзи 5-уми август, пайдо шудааст.Тақдираш номаълум: исми сайёҳи бедаракшудаи рус дар кӯҳҳои Помир, маълум шудГуфта мешавад, ки ин духтари 17-сола сокини деҳаи Гулшани ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор будааст.Манбаъ афзуда, ки наҷотдиҳандагон ва ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон ҷасади ӯро ҳудудан 1 килеметр дуртар аз ҷойе, ки ғарқ шуда буд, пайдо карданд.Феълан ҷасади духтари ҷавон барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.
https://sputnik.tj/20210806/-jasadi-sokini-amondara-yoft-1041450663.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_341:0:3008:2000_1920x0_80_0_0_8efcc3d45f2c93e89ebb9610712cca41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пайдо кардан, ҷасад, духтари 17-сола, вахш, фархор
пайдо кардан, ҷасад, духтари 17-сола, вахш, фархор
Ҷасади духтари 17-сола пас аз як ҳафта дар Вахш пайдо шуд
Ҷасади духтари 17-сола як километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Баъди ҷустуҷӯҳои якҳафтаина билохира ҷасади навраси ғарқшуда дар дарёи Вахш пайдо шуд.
Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Бино ба гузориши манбаъ, ҷасади духтар, тахминан соати 16:00 рӯзи 5-уми август, пайдо шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин духтари 17-сола сокини деҳаи Гулшани ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор будааст.
"Ӯ рӯзи 30-уми июл дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Вахш, дар мавзеъи Сари пули ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён ғарқ гардида буд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки наҷотдиҳандагон ва ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон ҷасади ӯро ҳудудан 1 килеметр дуртар аз ҷойе, ки ғарқ шуда буд, пайдо карданд.
Феълан ҷасади духтари ҷавон барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.