Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Эминсозӣ аз COVID дар Тоҷикистон: беш аз 1 миллион ваксина истифода шуд – омори дақиқ

© Sputnik / Амир ИсаевВ Душанбе открылась ярмарка школьных товаров
В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон теъдоди ваксинаҳое, ки истифода шуд, аз марзи 1 миллион воя убур кард
ДУШАНБЕ, 5 авг – Sputnik. Аз 1 миллиону 535 ҳазору 775 воя ваксинае, ки дар ихтиёри марокизи саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ гузошта шуд, 1 миллиону 94 ҳазору 59 адади он истифода шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.
Бино ба ин манбаъ, аз 232 ҳазор вояи ваксинаи “АстраЗенека” – и шведӣ-бритонӣ 175 ҳазору 552 (3%) нафар вояи аввал ва 41 ҳазору 840 нафари дигар вояи дуввум (23,8%) – и онро гирифтаанд.
Аз 2 миллиону 300 воя ваксинаи “КоронаВак” – и чинӣ 356 ҳазору 166 нафар (6%) бо вояи аввал ва 38 ҳазору 410 нафар (10,8%) бо вояи дуввуми он эм шудаанд.
Директор больницы Ибни Сино, Абдухалил Холикзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Холиқзода аз хавфи ваксинзанӣ дар замони авҷи беморӣ ва зарурати қарантин гуфт
Аз 1 миллиону 500 ҳазору 100 воя ваксинаи амрикоии “Модерна”, ки дар саросари кишвар ҳафтаи гузашта тавзеъ шуд, 482 ҳазору 91 (8,1%) адади он истифода шудааст.
Раванди ваксинзанӣ дар Тоҷикистон бо вуруди аввалин бастаи “АстраЗенека” дар моҳи марти соли равон шуруъ шуда, “КоронаВак” моҳи май ва “Модерна” охири моҳи июл дар дастрасии марокизи ваксиназанӣ қарор гирифтанд.
Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, дар кишвар 5 миллиону 945 ҳазору 881 нафар бояд ваксина гиранд, аз ҷумла дар Душанбе – 745 ҳазору 486, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон– 164 ҳазору 736, Навоҳии тобеи ҷумҳурӣ – 1 миллиону 266 ҳазору 775, Суғд – 1 миллиону 723 ҳазору 160, Хатлон – 2 миллиону 2 миллиону 45 ҳазору 724 нафар.
Лентаи хабарҳо
0