https://sputnik.tj/20210805/rahmon-maqomot-tojik-avrupo-hatar-1041427156.html
Ҳушдори Раҳмон аз хатари тоҷикистониёни таҳти пайгард барои Иттиҳоди Аврупо
Ҳушдори Раҳмон аз хатари тоҷикистониёни таҳти пайгард барои Иттиҳоди Аврупо
Sputnik Тоҷикистон
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар мулоқот бо мақомдорони Вазорати адлияи Австрия аз хатари тоҷикистониёни таҳти пайгард ҳушдор додааст, ки дар Аврупо паноҳ ёфтаанд
2021-08-05T16:44+0500
2021-08-05T16:44+0500
2021-08-05T16:45+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
аврупо
ҳнит
хатар
юсуф раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102299/14/1022991481_0:397:6016:3781_1920x0_80_0_0_1801b6603ee70d5dab083e6b53f82f4d.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон дар мулоқот бо мақомдорони баландпояи Австрия масъалаи истирдоди муттаҳамони таҳти пайгарди мақомоти тоҷикро ба миён гузоштааст.Тибқи иттилоияи додситонӣ, Юсуф Раҳмон дар мулоқотҳо хавфи афроди таҳти пайгард аз Тоҷикистонро барои Иттиҳоди Аврупо бо мисолҳои мушаххас баён доштааст. Аммо чӣ мисол барои мақомдорони аврупоӣ нишон дода шудааст, зикр нагардидааст.Инчунин дар доираи сафар ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Юсуф Раҳмон бо мудири Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо-ҳамзамон муовини роҳбари Котиботи САҲА хонум Туула Юреля ва роҳбари Раёсати хатарҳои фаромиллии ниҳоди мазкур, Купчина Елена Николаевна мулоқот кардааст.Ӯ дар ин мулоқот масъалаи роҳ надодани иштироки шахсони ҷиноятпеша дар чорабиниҳои САҲА – ро ба миён гузоштааст.Қаблан аъзои ҲНИТ, ки Тоҷикистон онро террористӣ ва мамнӯъ эълон кард, ба бархе аз ҷаласаҳои САҲА роҳ ёфта, аз Ҳукумат танқидҳо карданд.Дар мулоқотҳои Юсуф Раҳмон дар Аврупо ҳамчунин вазъи Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои узви САҲА, муқовимат ба терроризм ва маблағгузории он, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат дар рушди инфрасохторӣ ва зеҳнии кормандони мақомоти прокуратура ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардидаанд.Додситонии кулли Тоҷикистон афзуд, сафари Юсуф Раҳмон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо анҷом ёфт.
https://sputnik.tj/20210219/yatimov-avrupo-mansabdor-hnit-1032858904.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102299/14/1022991481_661:0:6016:4016_1920x0_80_0_0_6a727c3c9f21713a7f7a6b99e35358bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
юсуф раҳмон, ҳнит, аврупо, пайгард, хатар, тоҷикистониён
юсуф раҳмон, ҳнит, аврупо, пайгард, хатар, тоҷикистониён
Ҳушдори Раҳмон аз хатари тоҷикистониёни таҳти пайгард барои Иттиҳоди Аврупо
16:44 05.08.2021 (Навсозишуда: 16:45 05.08.2021) Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар мулоқот бо мақомдорони Вазорати адлияи Австрия аз хатари тоҷикистониёни таҳти пайгард ҳушдор додааст, ки дар Аврупо паноҳ ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон дар мулоқот бо мақомдорони баландпояи Австрия масъалаи истирдоди муттаҳамони таҳти пайгарди мақомоти тоҷикро ба миён гузоштааст.
Тибқи иттилоияи додситонӣ, Юсуф Раҳмон дар мулоқотҳо хавфи афроди таҳти пайгард аз Тоҷикистонро барои Иттиҳоди Аврупо бо мисолҳои мушаххас баён доштааст. Аммо чӣ мисол барои мақомдорони аврупоӣ нишон дода шудааст, зикр нагардидааст.
Инчунин дар доираи сафар ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Юсуф Раҳмон бо мудири Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо-ҳамзамон муовини роҳбари Котиботи САҲА хонум Туула Юреля ва роҳбари Раёсати хатарҳои фаромиллии ниҳоди мазкур, Купчина Елена Николаевна мулоқот кардааст.
Ӯ дар ин мулоқот масъалаи роҳ надодани иштироки шахсони ҷиноятпеша дар чорабиниҳои САҲА – ро ба миён гузоштааст.
Қаблан аъзои ҲНИТ, ки Тоҷикистон онро террористӣ ва мамнӯъ эълон кард, ба бархе аз ҷаласаҳои САҲА роҳ ёфта, аз Ҳукумат танқидҳо карданд.
Дар мулоқотҳои Юсуф Раҳмон дар Аврупо ҳамчунин вазъи Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои узви САҲА, муқовимат ба терроризм ва маблағгузории он, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат дар рушди инфрасохторӣ ва зеҳнии кормандони мақомоти прокуратура ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардидаанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон афзуд, сафари Юсуф Раҳмон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо анҷом ёфт.