https://sputnik.tj/20210805/rahmon-berdimuhammadov-sayr-bandar-turkmanboshi-1041427707.html
Бо як ҳавопаймо: Раҳмон ва Бердимуҳаммадов ба сайри бандари Туркманбошӣ рафтанд
Бо як ҳавопаймо: Раҳмон ва Бердимуҳаммадов ба сайри бандари Туркманбошӣ рафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон савори як ҳавопаймо ба тамошои бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ рафтанд 05.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-05T17:24+0500
2021-08-05T17:24+0500
2021-08-05T17:24+0500
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
туркманистон
осиёи марказӣ
қурбонгулӣ бердимуҳаммедов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/05/1041427420_0:167:1615:1075_1920x0_80_0_0_e3f5903f70ff0eb291c971f473799485.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Сафари кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Туркманистон идома дорад. Котиботи Президент хабар медиҳад, ки раисиҷумҳурон рӯзи 5 август ба сайри шаҳри Туркманбошӣ рафта аз бандари байналмилалии баҳрӣ дидан карданд.Гуфта мешавад дар даромадгоҳи бинои маъмурии бандар, Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти он истиқбол гирифт. Зимни шиносоӣ бо бандари баҳрӣ, кишвардори Тоҷикистон бо роҳбарияти он ташкили ҳамкории пурсамар оид ба интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон, истифодаи ин марказ барои баромадан ба бозорҳои кишварҳои дигар ва ба роҳ мондани воридоту содироти маҳсулоти мухталифи Тоҷикистон суҳбат кард.Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани робита ба воситаи бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар самти ҳамкории соҳаи нақлиёт гардида, барои ҳар ду ҷониб судовар хоҳад буд.Дар робита ба ин, Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати нақлиёт, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ба роҳбарияти Корхонаи Воҳиди Давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” оид ба истифодаи пурсамари ин бандар дастуру супоришҳо дод.Ёдовар мешавем, ки дар пайи музокироти сатҳи олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Изҳороти муштарак имзо гузоштанд. Дар ҳузури роҳбарон инчунин 19 санад имзо гардиданд, ки аз савдо то санъату фарҳанг, ҳамлу нақли мол, мусофирбарӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.
https://sputnik.tj/20210804/muloqot-rahmon-berdimuhammadov-imzo-shudand-ruyhat-1041403455.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/05/1041427420_109:0:1542:1075_1920x0_80_0_0_9cf766aee28753bbd56e7ab1ee8810af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , эмомалӣ раҳмон, туркманистон, осиёи марказӣ, қурбонгулӣ бердимуҳаммедов
сиёсат , эмомалӣ раҳмон, туркманистон, осиёи марказӣ, қурбонгулӣ бердимуҳаммедов
Бо як ҳавопаймо: Раҳмон ва Бердимуҳаммадов ба сайри бандари Туркманбошӣ рафтанд
Сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон савори як ҳавопаймо ба тамошои бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ рафтанд
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Сафари кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Туркманистон идома дорад.
Котиботи Президент хабар медиҳад, ки раисиҷумҳурон рӯзи 5 август ба сайри шаҳри Туркманбошӣ рафта аз бандари байналмилалии баҳрӣ дидан карданд.
Гуфта мешавад дар даромадгоҳи бинои маъмурии бандар, Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти он истиқбол гирифт.
Зимни шиносоӣ бо бандари баҳрӣ, кишвардори Тоҷикистон бо роҳбарияти он ташкили ҳамкории пурсамар оид ба интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон, истифодаи ин марказ барои баромадан ба бозорҳои кишварҳои дигар ва ба роҳ мондани воридоту содироти маҳсулоти мухталифи Тоҷикистон суҳбат кард.
Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани робита ба воситаи бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар самти ҳамкории соҳаи нақлиёт гардида, барои ҳар ду ҷониб судовар хоҳад буд.
Дар робита ба ин, Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати нақлиёт, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ба роҳбарияти Корхонаи Воҳиди Давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” оид ба истифодаи пурсамари ин бандар дастуру супоришҳо дод.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи музокироти сатҳи олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Изҳороти муштарак имзо гузоштанд. Дар ҳузури роҳбарон инчунин 19 санад имзо гардиданд, ки аз савдо то санъату фарҳанг, ҳамлу нақли мол, мусофирбарӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.