Обкашии дастии раиси ВМКБ ва тавсифу танқидҳо аз ӯ – акс

© дафтари матбуоти ҳукумати маҳаллии ВМКБЁдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми ҳашар дар Хоруғ
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми ҳашар дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Обуна шудан
Мақомдорони ВМКБ, аз ҷумла раиси вилоят, Ёдгор Файзов барои ободу зебо гардондани маркази шаҳри Хоруғ ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ҳашари дастаҷамъонаи мансабдорон ба хотири пешвози сазовози 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор шуд, хабар додааст дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ ва аксҳои ҳашарро нашр намудаст.
Бар асоси гузориши аксӣ, Файзов баробари дигар мақомдорон ба корҳои ободонӣ машғул шуда, бевосита худаш низ дастӣ ба обкашонӣ машғул аст. Мақомдорон пеши бозори “Истиқлолият” – ро тоза карда, ниҳолу гулҳоро об додаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз раиси ВМКБ ба далели наздикияш ба мардум тавсиф мекунанд. Бархеи дигар ӯро танқид мекунанд, ки ниёзҳои аввалиндараҷаи сокинон, аз қабили мушкили таъминот бо об дар шаҳри Хоруғро ҳанӯз ҳам пурра ҳал накардааст.
Гуруҳе аз корбарон чанд хислати фарқкунандаи роҳбари вилоятро низ ном бурдаанд, ки аз ҷумла дар ҳашарҳо баробари ҳама кор мекунад, намозашро дар ҷамоатхона ҳамроҳ бо мардум мегузорад, пиёда ба кор меравад. Инчунин Файзов супориш додааст, ки корафтодагон аз навоҳии дурдаст ҳамарӯза қабул карда шаванд ва интизори рӯзи расмии қабули шаҳрвандон намонанд.
© дафтари матбуоти ҳукумати маҳаллии ВМКБҲашар дар Хоруғ
Ҳашар дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Ҳашар дар Хоруғ
© дафтари матбуоти ҳукумати маҳаллии ВМКБҲашар дар Хоруғ
Ҳашар дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
2/4
Ҳашар дар Хоруғ
© дафтари матбуоти ҳукумати маҳаллии ВМКБҲашар дар Хоруғ
Ҳашар дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
3/4
Ҳашар дар Хоруғ
© дафтари матбуоти ҳукумати маҳаллии ВМКБЁдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми ҳашар дар Хоруғ
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми ҳашар дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми ҳашар дар Хоруғ
1/4
Ҳашар дар Хоруғ
2/4
Ҳашар дар Хоруғ
3/4
Ҳашар дар Хоруғ
4/4
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми ҳашар дар Хоруғ
Файзов замоне ба роҳбарии вилоят таъйин гардид, ки масоили амниятӣ дар қаламрави он осебпазир арзёбӣ мегардиданду мақомот аз нуфузи гуруҳи ба гуфтаи онҳо ҷинояткор мегуфтанд. Ӯ аз моҳи октябри соли 2018 роҳбарии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро ба уҳда дорад.
Председатель Верховного суда Таджикистана Шермухаммад Шохиён и председатель Высшего экономического суда Республики Таджикистан Каландарзода Мавлуда Саттори - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2021
Молу мулки судяҳоро мебинанд, агар дурӯғ гӯянд, барканор мешаванд: қонуни нав
Мунтақидони Файзов мегӯянд, ки ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ дар вилоят ҳалношуда боқӣ мондаанд ва муҳим мехонанд, ки масъалаҳо дар ҳамкории бештар бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд ҳал гарданд.
Лентаи хабарҳо
0