https://sputnik.tj/20210804/rohpaymoi-shabona-tahor-navor-1041398795.html
Роҳпаймоии шабонаи ҷунбиши "Аллоҳу Акбар" дар Тахор - видео
Роҳпаймоии шабонаи ҷунбиши "Аллоҳу Акбар" дар Тахор - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҳазорон сокини шаҳри Толиқон, маркази Тахор, ки як моҳ ба ин сӯ дар муҳосираи "Толибон"* қарор дорад, бо нидоҳои "Аллоҳу Акбар" ба кӯчаҳо рехтанд
2021-08-04T14:35+0500
2021-08-04T14:35+0500
2021-08-04T14:35+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
марз
тахор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041398363_0:68:1210:749_1920x0_80_0_0_f0936c7835a0ebd1fa0ef40780da3a77.jpg
Дар Ҳирот дишаб ҳазорон тан аз мардуми Тахор ба ҳимоят аз нируҳои амниятӣ ва муқовамат мардумӣ ба ҷодаҳои шаҳри Толиқон рехта ва бо сар додан фарёдҳои "Аллоҳ Акбар" як раҳпаймоӣ анҷом доданд.“Толибон”* 4 июл, як моҳи қабл 16 – умин ва охирин вулусволии вилояти Тахорро суқут дода, шаҳри Толиқон – маркази вилоятро пурра таҳти муҳосира қарор доданд.Ҳамла ба хонаи генерал Бисмиллоҳхон, вазири дифои Афғонистон - видеоҶангҳо барои Толиқон аз моҳи июн ба ин сӯ идома дорад. Вилояти Тахор аз шимол пурра бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.Ҷунбиши “Аллоҳу Акбар” дар шаҳри Ҳирот, вилояти ҳаммарз бо Эрони Афғонистон шуруъ шуд. Мардуми ин шаҳр дар вокуниш ба даъвати Амир Муҳаммад Исмоилхон, собиқ волӣ ва фармондеҳи маъруфи муҷоҳидини Ҳирот, соати 9 – и шаби 2 август рӯи бомҳои худ баромада, нидоҳои такбирро баланд карданд.Амир Исмоилхон аз мардуми шаҳраш даъват кард, то аз роҳи сар додани фарёдҳои “Аллоҳу Акбар” ҳимоят ва пуштибонии худро аз нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезишҳои мардумӣ алайҳи "Толибон"* баён кунанд.Ҷунбиши “Аллоҳу Акбар”: фарохони Исмоилхон аз мардуми ҲиротМарзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?Шаҳри Ҳирот як ҳафта ба ин сӯ маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукумату хезишҳои мардумӣ ва “Толибон”* аст. Ҳоло ҷангҳо дар қисматҳои ҷанубии ин шаҳр идома доранд.Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
афғонистон
тахор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041398363_61:0:1149:816_1920x0_80_0_0_40f2b8b4871672cdce11cfc622867467.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тахор, афғонистон
Роҳпаймоии шабонаи ҷунбиши "Аллоҳу Акбар" дар Тахор - видео
Ҳазорон сокини шаҳри Толиқон, маркази Тахор, ки як моҳ ба ин сӯ дар муҳосираи "Толибон"* қарор дорад, бо нидоҳои "Аллоҳу Акбар" ба кӯчаҳо рехтанд
Дар Ҳирот дишаб ҳазорон тан аз мардуми Тахор ба ҳимоят аз нируҳои амниятӣ ва муқовамат мардумӣ ба ҷодаҳои шаҳри Толиқон рехта ва бо сар додан фарёдҳои "Аллоҳ Акбар" як раҳпаймоӣ анҷом доданд.
“Толибон”* 4 июл, як моҳи қабл 16 – умин ва охирин вулусволии вилояти Тахорро суқут дода, шаҳри Толиқон – маркази вилоятро пурра таҳти муҳосира қарор доданд.
Ҷангҳо барои Толиқон аз моҳи июн ба ин сӯ идома дорад. Вилояти Тахор аз шимол пурра бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Ҷунбиши “Аллоҳу Акбар” дар шаҳри Ҳирот, вилояти ҳаммарз бо Эрони Афғонистон шуруъ шуд. Мардуми ин шаҳр дар вокуниш ба даъвати Амир Муҳаммад Исмоилхон, собиқ волӣ ва фармондеҳи маъруфи муҷоҳидини Ҳирот, соати 9 – и шаби 2 август рӯи бомҳои худ баромада, нидоҳои такбирро баланд карданд.
Амир Исмоилхон аз мардуми шаҳраш даъват кард, то аз роҳи сар додани фарёдҳои “Аллоҳу Акбар” ҳимоят ва пуштибонии худро аз нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезишҳои мардумӣ алайҳи "Толибон"* баён кунанд.
Шаҳри Ҳирот як ҳафта ба ин сӯ маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукумату хезишҳои мардумӣ ва “Толибон”* аст. Ҳоло ҷангҳо дар қисматҳои ҷанубии ин шаҳр идома доранд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.