https://sputnik.tj/20210804/rahizoda-kushtor-ruvaydaro-mudhish-hond-1041393020.html
Раҳимзода таҷовуз ва куштори Руфейдаро мудҳиш хонд: даст доштани модари муттаҳам номаълум
Раҳимзода таҷовуз ва куштори Руфейдаро мудҳиш хонд: даст доштани модари муттаҳам номаълум
Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохлии Тоҷикистон қазияи куштори ноболиғи 8-сола Рувайдаро шарҳ дод
2021-08-04T12:00+0500
2021-08-04T12:00+0500
2021-08-04T12:53+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
куштор
рамазон раҳимзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040866454_0:0:710:400_1920x0_80_0_0_eb6be79004adbbdce13f13e6eb998a30.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ, куштори духтарчаи 8-сола Иноятова Руфейдаро мудҳиш унвон кард ва гуфт, даст доштани модари гумонбаршаванда дар куштор, тафтиш мешавад.Вазир афзуд, ки тафтишот ба прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ вобаста шудааст ва вобаста ба ҷамъбасти он маълум мешавад ва " агар модари ӯ ба ин ҷиноят даст дошта бошад, ӯ ҳам дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.Ёдрас мешавем, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ахиран гуфт, парванда аз рӯи қатлу таҷовузи Руфейдаи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакиро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст.Ба иттилои додситонӣ, аз рӯи ин ҳолат нисбати Гадоев бар асоси моддаҳои 138 - таҷовуз ба номус ва 104 - куштор, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ин моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то ҳабси якумраро пешбинӣ мекунанд."Кушту ба хонаи занаш гурехт": бибии Руфейда фарзияҳои ифшоношудаи қатли набераашро гуфтҲодисаи куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола, ки 4 июли соли равон рух додааст, аз масоили пурбаҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.Наздикони Руфейда ва мақомот ҳамсояи хонаводаи ҷабрдида дар ноҳияи Рӯдакӣ, Раҳматулло Гадоевро муттаҳам медонанд. Назари бевоситаи Гадоев ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия ва иттиҳоми эълонкардаи мақомот феълан маълум нест.
https://sputnik.tj/20210707/rustami-emomali-kushtori-rufeyda-nazorati-taftishot-1040717710.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040866454_0:0:710:532_1920x0_80_0_0_9d080b912a9a5c7b19198b2b946e15b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рамазон раҳимзода, қазияи рувайда, куштор
рамазон раҳимзода, қазияи рувайда, куштор
Раҳимзода таҷовуз ва куштори Руфейдаро мудҳиш хонд: даст доштани модари муттаҳам номаълум
12:00 04.08.2021 (Навсозишуда: 12:53 04.08.2021) Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон қазияи таҷовуз ва куштори ноболиғи 8-сола Руфейдаро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ, куштори духтарчаи 8-сола Иноятова Руфейдаро мудҳиш унвон кард ва гуфт, даст доштани модари гумонбаршаванда дар куштор, тафтиш мешавад.
"Дар ҳақиқат ҷинояткор сари вақт дастгир шуд, ин ҷинояти мудҳиш аст. Дар масъалаи даст доштани модари гумонбаршаванда дар куштори Руфейда, ягон маълумот надорем", - гуфт Раҳимзода.
Вазир афзуд, ки тафтишот ба прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ вобаста шудааст ва вобаста ба ҷамъбасти он маълум мешавад ва " агар модари ӯ ба ин ҷиноят даст дошта бошад, ӯ ҳам дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.
Ёдрас мешавем, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ахиран гуфт, парванда аз рӯи қатлу таҷовузи Руфейдаи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакиро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст.
Ба иттилои додситонӣ, аз рӯи ин ҳолат нисбати Гадоев бар асоси моддаҳои 138 - таҷовуз ба номус ва 104 - куштор, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ин моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то ҳабси якумраро пешбинӣ мекунанд.
Ҳодисаи куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола, ки 4 июли соли равон рух додааст, аз масоили пурбаҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Наздикони Руфейда ва мақомот ҳамсояи хонаводаи ҷабрдида дар ноҳияи Рӯдакӣ, Раҳматулло Гадоевро муттаҳам медонанд. Назари бевоситаи Гадоев ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия ва иттиҳоми эълонкардаи мақомот феълан маълум нест.