https://sputnik.tj/20210804/rahimzoda-qatl-dahshatbor-honavoda-jayhun-1041392891.html
Раҳимзода қатли даҳшатбори як хонавода дар Ҷайҳунро шарҳ дод
Раҳимзода қатли даҳшатбори як хонавода дар Ҷайҳунро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар робита ба қатли даҳшатбори 4 узви як хонавода ду муттаҳам боздошт гардидаанд
2021-08-04T11:43+0500
2021-08-04T11:43+0500
2021-08-04T12:27+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҷайҳун
вуд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103074/25/1030742529_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_3bcedb994928abd0382b53c3aee51537.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ҷинояти куштори як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳун сарбаста мемонад ва ё тафсилоти пурраи он ошкор шуд, чунин суол гузошта шуд ба вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ.Вазир тавзеҳ дод, ки дар ноҳияи мазкур ҷинояти даҳшатбори куштор рух додааст, ки дар натиҷа чор узви як хонавода кушта шуданд.Ба гуфтаи ӯ, ҳоло барои содир намудани ин амали нангин ду муттаҳам дар боздошт қарор доранд ва тафтишот дар ин самт ҳамоно идома дорад.Раҳимзода дар идома ба хабарнигорон ваъда дод, ки аз рафти минбаъдаи тафтишот онҳоро дар ҷараён мегузорад.Ёдрас мешавем, ки қаблан прокурори вилояти Хатлон, Абдураҳим Раҳимзода гуфта буд, тафтишот идома дорад ва ҳоло пурра муайян нашудааст, ки куштор аз тарафи кӣ содир шудааст.Хабари куштори 4 узви як хонавода дар вилояти Хатлон дар мобайнҳои моҳи июни соли равон сокинонро такон дода буд.Субҳи 12 июн, дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҷайҳун ҳамсояҳо шоҳиди баланд шудани дуд аз хонаи як сокини деҳа, марди 39-сола, Аҳлиддин Маҳмадов шуданд. Онҳо фикр карданд, ки сӯхтор сар задааст ва ба хомӯш кардани он шитофтанд, аммо ҳодисаи мудҳиштаре рух дода буд. Гумонбарони қатли Маҳмадов бо се фарзанд дар Ҷайҳун боздошт шудандДар ду ҳуҷра 4 узви хонавода беҳаракат мехобиданд ва осори хун дида мешуд. Дертар маълум гардид. ки се узви ин хонавода дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида худи соҳибхона пас аз ним соати интиқол ёфтан ба бемористон ҷон аз даст дод.
https://sputnik.tj/20210722/sharh-prokuror-kushtor-jayhun-1041111530.html
ҷайҳун
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103074/25/1030742529_61:0:2728:2000_1920x0_80_0_0_97bd7303a9d113bc673bbf1f7368c561.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рамазон раҳимзода ҷайҳун қатл хонавода
рамазон раҳимзода ҷайҳун қатл хонавода
Раҳимзода қатли даҳшатбори як хонавода дар Ҷайҳунро шарҳ дод
11:43 04.08.2021 (Навсозишуда: 12:27 04.08.2021) Дар робита ба қатли даҳшатбори 4 узви як хонавода ду муттаҳам боздошт гардидаанд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ҷинояти куштори як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳун сарбаста мемонад ва ё тафсилоти пурраи он ошкор шуд, чунин суол гузошта шуд ба вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ.
Вазир тавзеҳ дод, ки дар ноҳияи мазкур ҷинояти даҳшатбори куштор рух додааст, ки дар натиҷа чор узви як хонавода кушта шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло барои содир намудани ин амали нангин ду муттаҳам дар боздошт қарор доранд ва тафтишот дар ин самт ҳамоно идома дорад.
Раҳимзода дар идома ба хабарнигорон ваъда дод, ки аз рафти минбаъдаи тафтишот онҳоро дар ҷараён мегузорад.
Ёдрас мешавем, ки қаблан прокурори вилояти Хатлон, Абдураҳим Раҳимзода гуфта буд, тафтишот идома дорад ва ҳоло пурра муайян нашудааст, ки куштор аз тарафи кӣ содир шудааст.
Хабари куштори 4 узви як хонавода дар вилояти Хатлон дар мобайнҳои моҳи июни соли равон сокинонро такон дода буд.
Субҳи 12 июн, дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҷайҳун ҳамсояҳо шоҳиди баланд шудани дуд аз хонаи як сокини деҳа, марди 39-сола, Аҳлиддин Маҳмадов шуданд. Онҳо фикр карданд, ки сӯхтор сар задааст ва ба хомӯш кардани он шитофтанд, аммо ҳодисаи мудҳиштаре рух дода буд.
Дар ду ҳуҷра 4 узви хонавода беҳаракат мехобиданд ва осори хун дида мешуд. Дертар маълум гардид. ки се узви ин хонавода дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида худи соҳибхона пас аз ним соати интиқол ёфтан ба бемористон ҷон аз даст дод.