https://sputnik.tj/20210803/vokunish-vazorati-mablagh-kumak-voruh-1041363402.html
Вокуниши Вазорати молия ба интиқоди корбарон: пули суратҳисоби кумак ба Ворухро гуфтанд
Вокуниши Вазорати молия ба интиқоди корбарон: пули суратҳисоби кумак ба Ворухро гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати молия Тоҷикистон ба вокуниши шадиди корбарони "Фейсбук" оид ба маблағи суратҳисоби кумак ба зарардидагони Ворух посух дод
2021-08-03T09:47+0500
2021-08-03T09:47+0500
2021-08-03T10:00+0500
ворух
вазорати молия
кӯмак
суратҳисоб
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101353/17/1013531741_0:432:4608:3024_1920x0_80_0_0_03610b7404d4be645d7d0a6a300c8557.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон 2 август дар нишасти хабарии ин ниҳод дар посух ба суоли рӯзноманигорон оид ба андозаи пули воридшуда ба суратҳисоби кумак ба Ворух гуфт, ки маблағ ворид нашуд.Аммо дар пайи ин хабарҳо рӯзноманигор ва масъули гуруҳи "Ахбор барои афкор" дар фейсбук Раҷаби Мирзо, гуфт ки ба ин суратҳисоб 10 ҳазор соомнӣ хайрияҳоро гузаронид ва ҳатто расидашро низ нашр кард.Дар пайи ин назари Вазорати молия ба вокуниши тунди корбарон рӯ ба рӯ шуд, ки дархости шарҳ кардан.Ин ниҳод шоми 2 август бо нашри вокуниш гуфт, манзури манзури муовини якуми вазир ба саволи рӯзноманигор дар хусуси воридоти маблағҳо ба суратҳисоб барои расонидани кумак ба осебдидагони низоъи марзӣ, ин буд, ки аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ то имрӯз ба ин суратҳисоб маблағ ворид нагардидааст.Вазири молия зимни нишасти хабарияш гуфт, баъди кушодани суратҳисоби махсус онҳо ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карданд, то ба осебдидагони муноқишаи марзӣ кӯмаки худро расонанд, ки дар ин самт барои дастрасии маблағҳои зарурӣ ҳоло кор идома дорад.Моҳи майи соли ҷорӣ барои кумак ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ суратҳисоби кумак боз кард, аммо бо гузашти чанд рӯз мақомот ҷамъоварии маблағро манъ кард.Вазорати корҳои дохила он замон гуфт, ки аз ҷониби баъзе нафарон суратҳисоби сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳонаи кумак расонидан ба мардуми Ворух барои манфиатҳои шахсиашон нашр гардидааст.Дар пайи ин дар назди Вазорати молия суратҳисоби махсус боз шуд ва аз сокинон даъват карданд, ки кумакҳояшонро ба ин суратҳисоб гузаронандТанишу созиш дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонВазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар тирпарронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз дар бисёри ҳолатҳо бо муноқиша ва баъзан бо тирпаронию марги одамон меанҷомад.
https://sputnik.tj/20210802/vazorat-surathisob-voruh-mablagh-vorid-nashud-1041347505.html
https://sputnik.tj/20210507/maqomot-kumak-zarardidagon-munoqisha-voruh-surathisob-1039306637.html
https://sputnik.tj/20210713/rahmon-medonand-hujum-kard-parvanda-nizomiyoni-qirghiz-1040858331.html
ворух
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101353/17/1013531741_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_59bccfc38ae25ea80532404e6ad287c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вокуниш, вазорати молия, интиқоди корбарон, пули суратҳисоб, кумак, ворух
вокуниш, вазорати молия, интиқоди корбарон, пули суратҳисоб, кумак, ворух
Вокуниши Вазорати молия ба интиқоди корбарон: пули суратҳисоби кумак ба Ворухро гуфтанд
09:47 03.08.2021 (Навсозишуда: 10:00 03.08.2021) Вазорати молия Тоҷикистон ба вокуниши шадиди корбарони "Фейсбук" оид ба маблағи суратҳисоби кумак ба зарардидагони Ворух посух дод
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон 2 август дар нишасти хабарии ин ниҳод дар посух ба суоли рӯзноманигорон оид ба андозаи пули воридшуда ба суратҳисоби кумак ба Ворух гуфт, ки маблағ ворид нашуд.
Аммо дар пайи ин хабарҳо рӯзноманигор ва масъули гуруҳи "Ахбор барои афкор" дар фейсбук Раҷаби Мирзо, гуфт ки ба ин суратҳисоб 10 ҳазор соомнӣ хайрияҳоро гузаронид ва ҳатто расидашро низ нашр кард.
Дар пайи ин назари Вазорати молия ба вокуниши тунди корбарон рӯ ба рӯ шуд, ки дархости шарҳ кардан.
Ин ниҳод шоми 2 август бо
нашри вокуниш гуфт, манзури манзури муовини якуми вазир ба саволи рӯзноманигор дар хусуси воридоти маблағҳо ба суратҳисоб барои расонидани кумак ба осебдидагони низоъи марзӣ, ин буд, ки аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ то имрӯз ба ин суратҳисоб маблағ ворид нагардидааст.
"Вале, аз ҷониби шаҳрвандони кишвар то имрӯз ба ин суратҳисоб 206 526,67 (дусаду шаш ҳазору панҷсаду бисту шаш сомонию шасту ҳафт дирам) ворид гардидааст, ки он аз рӯи таъинот истифода карда мешавад", - омадааст дар вокуниши вазорат.
Вазири молия зимни нишасти хабарияш гуфт, баъди кушодани суратҳисоби махсус онҳо ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карданд, то ба осебдидагони муноқишаи марзӣ кӯмаки худро расонанд, ки дар ин самт барои дастрасии маблағҳои зарурӣ ҳоло кор идома дорад.
Моҳи майи соли ҷорӣ барои кумак ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ суратҳисоби кумак боз кард, аммо бо гузашти чанд рӯз мақомот ҷамъоварии маблағро манъ кард.
Вазорати корҳои дохила он замон гуфт, ки аз ҷониби баъзе нафарон суратҳисоби сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳонаи кумак расонидан ба мардуми Ворух барои манфиатҳои шахсиашон нашр гардидааст.
Дар пайи ин дар назди Вазорати молия суратҳисоби махсус боз шуд ва аз сокинон даъват карданд, ки кумакҳояшонро ба ин суратҳисоб гузаронанд
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар тирпарронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз дар бисёри ҳолатҳо бо муноқиша ва баъзан бо тирпаронию марги одамон меанҷомад.