https://sputnik.tj/20210803/vazorati-tandurusti-vazir-kor-shahrvandon-qabul-1041387778.html
Вазорати тандурустӣ: вазир ба кор баромаду шаҳрвандонро қабул кард
Вазорати тандурустӣ: вазир ба кор баромаду шаҳрвандонро қабул кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар додааст, ки вазир имрӯз дар ҷои кориаш аст ва имрӯз ба қабули шаҳрвандон машғул буд
2021-08-03T20:57+0500
2021-08-03T20:57+0500
2021-08-03T22:10+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ҷои кор
шикоят
қабули шаҳрвандон
вазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041387735_0:111:1993:1232_1920x0_80_0_0_a6936163332864b37e63f06fbad2b710.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 3 август шахсан як қатор шаҳрвандони кишварро, ки бо масъалаҳои гуногун ба вазорат муроҷиат карданд, қабул намуд, хабар дод дафтари матбуоти Вазорат. Ба иттилои манбаъ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрвандонро шунида, вобаста ба ҳалли масъалаҳои онҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки Ҷамолиддин Абдуллозода ҳанӯз рӯзи душанбе ба кор оғоз карда буд.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш расонаҳои дохилӣ хабар дода буданд, ки вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз сӯи фарзандони Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари марҳуми раисиҷумҳури Тоҷикистон латукӯб шуда, дар бемористон бистарӣ гаштааст.Ҳузур надоштани вазири тандурустӣ дар нишасти матбуотии рӯзи 26 июл ва маросими қабули 1,5 миллион воя ваксинаи ироанамудаи ИМА дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳадсу гумонҳоеро ба вуҷуд овард. Бархе гуфтанд, ки вазири тандурустӣ гирифтори коронавирус шудааст ва гузоришҳое ҳам паҳн гардиданд, ки Абдуллозода ва гуруҳи табибони баландпояи дигар аз сӯи фарзандони Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари марҳуми раисиҷумҳури Тоҷикистон латукӯб шудаанд. Бар асоси гузоришҳо, наздикони марҳум Раҳмонова, табибонро ба табобати нодуруст муттаҳам кардаанд.Аммо Эмомалӣ Мирзо, сухангӯи вазорат ин иддаоро бепоя хонда, афзуд, ки Абдуллозода дар Маскав аст.Сухангӯи Вазорат афзуд, қарор аст, ки Абдуллозода то охири ҳафта ба ҷои кораш баргардад.
https://sputnik.tj/20210726/sharh-vazorat-latukubu-koronavirus-vazir-maskav-1041188924.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041387735_0:0:1771:1328_1920x0_80_0_0_d9b6ef299390bdf3dbcf0906e48a7d37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазири тандурустӣ, ҷамолиддин абдулозода, вазорат, қабули шаҳрвандон
тоҷикистон, вазири тандурустӣ, ҷамолиддин абдулозода, вазорат, қабули шаҳрвандон
Вазорати тандурустӣ: вазир ба кор баромаду шаҳрвандонро қабул кард
20:57 03.08.2021 (Навсозишуда: 22:10 03.08.2021) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар додааст, ки вазир дар ҷои кориаш асту имрӯз - 3 август ба қабули шаҳрвандон машғул буд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 3 август шахсан як қатор шаҳрвандони кишварро, ки бо масъалаҳои гуногун ба вазорат муроҷиат карданд, қабул намуд, хабар дод дафтари матбуоти Вазорат.
Ба иттилои манбаъ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрвандонро шунида, вобаста ба ҳалли масъалаҳои онҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки Ҷамолиддин Абдуллозода ҳанӯз рӯзи душанбе ба кор оғоз карда буд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш расонаҳои дохилӣ хабар дода буданд, ки вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз сӯи фарзандони Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари марҳуми раисиҷумҳури Тоҷикистон латукӯб шуда, дар бемористон бистарӣ гаштааст.
Ҳузур надоштани вазири тандурустӣ дар нишасти матбуотии рӯзи 26 июл ва маросими қабули 1,5 миллион воя ваксинаи ироанамудаи ИМА дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳадсу гумонҳоеро ба вуҷуд овард. Бархе гуфтанд, ки вазири тандурустӣ гирифтори коронавирус шудааст ва гузоришҳое ҳам паҳн гардиданд, ки Абдуллозода ва гуруҳи табибони баландпояи дигар аз сӯи фарзандони Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари марҳуми раисиҷумҳури Тоҷикистон латукӯб шудаанд. Бар асоси гузоришҳо, наздикони марҳум Раҳмонова, табибонро ба табобати нодуруст муттаҳам кардаанд.
Аммо Эмомалӣ Мирзо, сухангӯи вазорат ин иддаоро бепоя хонда, афзуд, ки Абдуллозода дар Маскав аст.
“Ҳадафи сафари вазир ба Маскав ниҳоӣ кардани музокирот бо мақомоти Русия сари ба даст овардани ваксинаи “Спутник V” барои Тоҷикистон аст. Ҳамчунин, вазири тандурустӣ яке аз аввалинҳо шуда, ваксина гирифта буданд ва гирифтории он кас ба “вируси корона” низ сиҳат надорад”, - гуфт Эмомалӣ Мирзо.
Сухангӯи Вазорат афзуд, қарор аст, ки Абдуллозода то охири ҳафта ба ҷои кораш баргардад.