https://sputnik.tj/20210803/pandemiya-tolibon-tijorat-tojikiston-afghoniston-1041362133.html
“Дастхуши пандемияву Толибон*”: нигоҳе ба тиҷорат миёни Тоҷикистону Афғонистон
“Дастхуши пандемияву Толибон*”: нигоҳе ба тиҷорат миёни Тоҷикистону Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ монеаеро дар тиҷорат миёни Тоҷикистон Афғонистон намебинад
2021-08-03T09:00+0500
2021-08-03T09:00+0500
2021-08-03T18:28+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
афғонистон
мизони тиҷорат
гузаргоҳи марзӣ
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041362086_0:146:1200:821_1920x0_80_0_0_7b51ffa119eddca23fb1fe257889cd32.png
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Шавкат Бобозода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, вазъе, ки ҳоло дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳукмрон шудааст, ба тоҷирону тиҷорат ҳеҷ таъсир накардааст.“Мо ягон шикояте аз тоҷирони Тоҷикистону Афғонистон нагирифтаем. Аз сӯи дигар, ҳукумати кишвар супориш додааст, ки дар бозорҳои наздимарзӣ ҳеҷ маҳдудият ҷорӣ нашавад. Тиҷорат ба роҳи худаш аст, зиндагӣ ба роҳи худаш. Мардуми ду кишвар бояд зиндагӣ кунанд. Аз ҳар ду тараф хоҳиш ҳаст, аз ин хотир, кор мекунем”, - гуфт Шавкат Бобозода.Хушбинии мавсуф дар ҳолест, ки ҳудуди 90% - и марз бо Тоҷикистон дар Афғонистон ва гузаргоҳҳои марзии миёни ду кишвар як моҳи ахир таҳти назорати “Толибон” (созмони террористии дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) аст. Ин ҳаракати ифтротгаро 22 июн Бандари Шерхон, бузургтарин гузаргоҳи марзии миёни Тоҷикистону Афғонистонро ишғол кард ва бадоҳатан эълом дошт, ки тоҷирон метавонанд тиҷорати худро дар ин масир идома диҳанд ва барояшон ҳеҷ мушкиле халқ нахоҳад шуд.Мошине нестДар ҳамин ҳол, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҳаракати молу тиҷорат тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён – Шерхон Бандар қариб ки вуҷуд надорад.Хуршед Каримзода гуфт, аслан он мошинҳое ворид мешаванд, ки дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон ё дар ягон ҷо мунтазири ба эътидол омадани вазъ буданд.“Агар пештар аз 35 то 40 боркаш ҳам тариқи транзит ва ҳам аз худи Афғонистон гузаргоҳи Панҷи Поёнро мегузаштанд, ҳоло баъзе рӯзҳо ду – се мошин ворид мешавад, рӯзҳои дигар умуман мошин нест. Аммо боре, ки дар сарҳад ҷамъ мешавад, ба он тараф интиқол ёфта истодааст”, - гуфт Хуршед Каримзода.Додугирифтҳои тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ду сол ба ин сӯ аст, ки бо чолишҳои зиёде мувоҷеҳ мешаванд. Соли гузашта ба далели пандемияи COVID 19 гардиши мол миёни ду кишвар қариб ба 30% поён рафт. Соли 2019 агар гардиши мол миёни ду кишвар 106 миллион доллар бо 44% дарсади рушд дар ҳамон сол ба анҷом расид, соли 2020 аз таъсири пандемияи COVID 19 ба 70 миллион доллар коҳиш ёфт.Ду қадам ба қафоОмори солҳои охир як пешрафтеро мемонад, ки хориҷ аз иродаи ҷонибҳо, ба қафо майл кардааст. Шаш моҳи аввали соли равон низ рушди назаррасеро нишон намедиҳад. Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар ин миёни гардиши мол миёни ду кишвар ба 37 миллиону 909,3 ҳазор доллар расидааст.Аммо Афғонистон дар воридот саҳми камтар аз 0,3% (699, 7 ҳазор доллар) - ро дорад, аммо дар содирот бо 3,2% саҳм ё 37,2 миллион доллар пас аз Шветсария (692,7 млн.) ва Туркия (47,0 млн.) дар мақоми сеюм аст.Тибқи иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нав, аз 2 миллиону 169,6 тон сементе, ки ба хориҷ содир шудааст, 280 ҳазор тон ба Афғонистон (331,2 – Ӯзбекистон, 2 – Қирғизистон) ва аз 18,7 ҳазор тон ангишти содиротӣ ҳудуди 6 ҳазор тон ба Афғонистон (бақия ба Покистону Ӯзбекистон) рост меояд.Ин ниҳод ҳамчунин аз содироти тавлидоти корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия бо иттифоқи ширкати “Талко”, назири алюминийи аввалия, маводи таркандаи саноатӣ, тойбанд, профилҳои алюминӣ, қубур, профилҳои металӣ ва дучархаҳо ба маблағи 70,5 миллион доллар ба Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Аврупо хабар дод. Аммо дақиқан чӣ ва ба кадом маблағ ба Афғонистон содир шудааст, маълум нест.Қаблан вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ хабар дода буд, ки 4 ширкати тоҷикӣ бо Афғонистон, Ҳиндусон ва Ҷопон маҳлулҳо барои барои табобати, аз ҷумла коронавирус, антибиотикҳо, дар умум 12 номгӯй доруворӣ ва амволи тиббӣ содир мекунанд. Ҳамзамон “Барқи тоҷик” рӯзона 50 МВт содир мекунад, аммо маблағи ин содирот маълум нест.Дунё ба умедДар ҳамин ҳол, директори Агентии содироти Тоҷикистон мегӯяд, тоҷирони Тоҷикистону Афғонистон сари имзо ва иҷро кардани шартномаҳое батавофуқ расидаанд, ки ба содироти маводи хӯрокворӣ нигаронида шудаанд.“Бори охир, ки дар як ҳамоиш дар Хатлон тоҷирони ду кишвар ҷамъ шуданд, ҳамсояҳои мо хеле фаъол буданд. Самти асосӣ тиҷорати хӯрокворӣ буд. Онҳо бо ширкатҳое, ки бо истеҳсоли намак машғуланд, вохӯрданд. Аз ҷумла ба намаки “Хоҷа Муъмин” ва оби нӯшидании ширкати “Сиёма” таваҷҷӯҳ карданд. Мо аз Афғонистон, бахусус, дар арафаи Соли нав меваҳои ситрусӣ ворид мекунем, ки ба Қазоқистон ва дигар кишварҳо дубора содирот мешавад”, - гуфт Шавкат Бобозода.Аммо ин ҳама тапу талошҳо ва гуфтушунидҳо дар замоне буданд, ки марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон дар ихтиёри давлати он кишвару додугирифтҳои тиҷоратӣ пас аз пандемияи COVID 19 ҷон мегирифтанд.Ҳоло хушбиниҳои директори Агентии содирот бо вазъи мавҷуд ҳамхонӣ намекунанд ва вазъ он гуна пеш меравад, ки сардори Хадамоти гумрук баёнашро кард. Аммо умедҳо барои ояндаи беҳтар барбод намераванд, зеро вазъи равобити тиҷории ду кишвар хоҳ-нохоҳ аз вазъи амниятии пешгӯинашаванда ва ноустувори Афғонистон ҳамеша бастагӣ ҳам дошта бошад, ҳар ду кишвар дар ҳама ҳолат маҳкум ба ҳамкориянд.
https://sputnik.tj/20210730/gumruk-gardish-mol-tojikiston-afghoniston-1041303620.html
https://sputnik.tj/20210624/amudarya-tolibon-puli-sherhon-bandar-panji-poyon-1040417531.html
https://sputnik.tj/20210802/sodiroti-mahsulot-tojikiston-milliard-dollar-rasid-1041353087.html
https://sputnik.tj/20210729/sherali-tojikiston-kishvarho-idm-chin-pesh-omor-1041251604.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041362086_0:33:1200:933_1920x0_80_0_0_ac39c5a397eef25fe711b41b8df382f5.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пандемияву, толибон, тиҷорат, тоҷикистон, афғонистон
пандемияву, толибон, тиҷорат, тоҷикистон, афғонистон
“Дастхуши пандемияву Толибон*”: нигоҳе ба тиҷорат миёни Тоҷикистону Афғонистон
09:00 03.08.2021 (Навсозишуда: 18:28 03.08.2021) Директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ монеаеро дар тиҷорат миёни Тоҷикистон Афғонистон намебинад
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Шавкат Бобозода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, вазъе, ки ҳоло дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳукмрон шудааст, ба тоҷирону тиҷорат ҳеҷ таъсир накардааст.
“Мо ягон шикояте аз тоҷирони Тоҷикистону Афғонистон нагирифтаем. Аз сӯи дигар, ҳукумати кишвар супориш додааст, ки дар бозорҳои наздимарзӣ ҳеҷ маҳдудият ҷорӣ нашавад. Тиҷорат ба роҳи худаш аст, зиндагӣ ба роҳи худаш. Мардуми ду кишвар бояд зиндагӣ кунанд. Аз ҳар ду тараф хоҳиш ҳаст, аз ин хотир, кор мекунем”, - гуфт Шавкат Бобозода.
Хушбинии мавсуф дар ҳолест, ки ҳудуди 90% - и марз бо Тоҷикистон дар Афғонистон ва гузаргоҳҳои марзии миёни ду кишвар як моҳи ахир таҳти назорати “Толибон” (созмони террористии дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) аст. Ин ҳаракати ифтротгаро 22 июн Бандари Шерхон, бузургтарин гузаргоҳи марзии миёни Тоҷикистону Афғонистонро ишғол кард ва бадоҳатан эълом дошт, ки тоҷирон метавонанд тиҷорати худро дар ин масир идома диҳанд ва барояшон ҳеҷ мушкиле халқ нахоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҳаракати молу тиҷорат тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён – Шерхон Бандар қариб ки вуҷуд надорад.
Хуршед Каримзода гуфт, аслан он мошинҳое ворид мешаванд, ки дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон ё дар ягон ҷо мунтазири ба эътидол омадани вазъ буданд.
“Агар пештар аз 35 то 40 боркаш ҳам тариқи транзит ва ҳам аз худи Афғонистон гузаргоҳи Панҷи Поёнро мегузаштанд, ҳоло баъзе рӯзҳо ду – се мошин ворид мешавад, рӯзҳои дигар умуман мошин нест. Аммо боре, ки дар сарҳад ҷамъ мешавад, ба он тараф интиқол ёфта истодааст”, - гуфт Хуршед Каримзода.
Додугирифтҳои тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ду сол ба ин сӯ аст, ки бо чолишҳои зиёде мувоҷеҳ мешаванд. Соли гузашта ба далели пандемияи COVID 19 гардиши мол миёни ду кишвар қариб ба 30% поён рафт. Соли 2019 агар гардиши мол миёни ду кишвар 106 миллион доллар бо 44% дарсади рушд дар ҳамон сол ба анҷом расид, соли 2020 аз таъсири пандемияи COVID 19 ба 70 миллион доллар коҳиш ёфт.
Омори солҳои охир як пешрафтеро мемонад, ки хориҷ аз иродаи ҷонибҳо, ба қафо майл кардааст. Шаш моҳи аввали соли равон низ рушди назаррасеро нишон намедиҳад. Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар ин миёни гардиши мол миёни ду кишвар ба 37 миллиону 909,3 ҳазор доллар расидааст.
Аммо Афғонистон дар воридот саҳми камтар аз 0,3% (699, 7 ҳазор доллар) - ро дорад, аммо дар содирот бо 3,2% саҳм ё 37,2 миллион доллар пас аз Шветсария (692,7 млн.) ва Туркия (47,0 млн.) дар мақоми сеюм аст.
Тибқи иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нав, аз 2 миллиону 169,6 тон сементе, ки ба хориҷ содир шудааст, 280 ҳазор тон ба Афғонистон (331,2 – Ӯзбекистон, 2 – Қирғизистон) ва аз 18,7 ҳазор тон ангишти содиротӣ ҳудуди 6 ҳазор тон ба Афғонистон (бақия ба Покистону Ӯзбекистон) рост меояд.
Ин ниҳод ҳамчунин аз содироти тавлидоти корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия бо иттифоқи ширкати “Талко”, назири алюминийи аввалия, маводи таркандаи саноатӣ, тойбанд, профилҳои алюминӣ, қубур, профилҳои металӣ ва дучархаҳо ба маблағи 70,5 миллион доллар ба Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Аврупо хабар дод. Аммо дақиқан чӣ ва ба кадом маблағ ба Афғонистон содир шудааст, маълум нест.
Қаблан вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ хабар дода буд, ки 4 ширкати тоҷикӣ бо Афғонистон, Ҳиндусон ва Ҷопон маҳлулҳо барои барои табобати, аз ҷумла коронавирус, антибиотикҳо, дар умум 12 номгӯй доруворӣ ва амволи тиббӣ содир мекунанд. Ҳамзамон “Барқи тоҷик” рӯзона 50 МВт содир мекунад, аммо маблағи ин содирот маълум нест.
Дар ҳамин ҳол, директори Агентии содироти Тоҷикистон мегӯяд, тоҷирони Тоҷикистону Афғонистон сари имзо ва иҷро кардани шартномаҳое батавофуқ расидаанд, ки ба содироти маводи хӯрокворӣ нигаронида шудаанд.
“Бори охир, ки дар як ҳамоиш дар Хатлон тоҷирони ду кишвар ҷамъ шуданд, ҳамсояҳои мо хеле фаъол буданд. Самти асосӣ тиҷорати хӯрокворӣ буд. Онҳо бо ширкатҳое, ки бо истеҳсоли намак машғуланд, вохӯрданд. Аз ҷумла ба намаки “Хоҷа Муъмин” ва оби нӯшидании ширкати “Сиёма” таваҷҷӯҳ карданд. Мо аз Афғонистон, бахусус, дар арафаи Соли нав меваҳои ситрусӣ ворид мекунем, ки ба Қазоқистон ва дигар кишварҳо дубора содирот мешавад”, - гуфт Шавкат Бобозода.
Аммо ин ҳама тапу талошҳо ва гуфтушунидҳо дар замоне буданд, ки марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон дар ихтиёри давлати он кишвару додугирифтҳои тиҷоратӣ пас аз пандемияи COVID 19 ҷон мегирифтанд.
Ҳоло хушбиниҳои директори Агентии содирот бо вазъи мавҷуд ҳамхонӣ намекунанд ва вазъ он гуна пеш меравад, ки сардори Хадамоти гумрук баёнашро кард. Аммо умедҳо барои ояндаи беҳтар барбод намераванд, зеро вазъи равобити тиҷории ду кишвар хоҳ-нохоҳ аз вазъи амниятии пешгӯинашаванда ва ноустувори Афғонистон ҳамеша бастагӣ ҳам дошта бошад, ҳар ду кишвар дар ҳама ҳолат маҳкум ба ҳамкориянд.