https://sputnik.tj/20210803/devor-madrasai-buhoro-furu-reht-1041375597.html
Девори мадрасаи асри XVI дар Бухоро фурӯ рехт - акс
Девори мадрасаи асри XVI дар Бухоро фурӯ рехт - акс
Sputnik Тоҷикистон
Барои барқарор кардани девор гурӯҳи корӣ аз ҳисоби Агентии ҳифзи месори фарҳангӣ ва ҳокимияти Бухоро ва сохтмончиён ташкил карда шудааст
2021-08-03T16:15+0500
2021-08-03T16:15+0500
2021-08-03T16:26+0500
фарҳанг
ӯзбекистон
чаппа шудани девор
мақомоти ҳокимияти шаҳрӣ
барқарор кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041375225_0:113:1200:788_1920x0_80_0_0_b7603533821249f01c1f4cb82f95029e.jpg
ДУШАНБЕ, 3 август - Sputnik. Дар Бухоро қисме аз девори мадрасаи Абдуллохон фурӯ рехт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Бухоро. Тибқи иттилои манбаъ, сабаби чаппа шудани девор, пастшавии ҳарорат, боришот ва болоравии обҳои зеризаминӣ будааст.Қайд мешавад, ки пас аз ҳодиса гурӯҳи кории махсус иборат аз намояндагони маъмурияти минтақавии Агентии мероси фарҳангӣ, ҳокимияти Бухоро ва инчунин барқароркунандагон ташкил карда шуд. Мутахассисони баландихтисос ба маҳалли ҳодиса рафта, тадқиқоти мувофиқ гузарониданд. Феълан ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ шурӯъ кардаанд. Ожонсии минтақавии мероси фарҳангии Бухоро ба Sputnik Ӯзбекистон гуфт, ки барои тармими девор қариб шаш миллиард сӯм (беш аз 562 ҳазор доллар) харҷ мешавад. Илова бар ин, бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо, олимон аллакай тақрибан 40 объекти фарҳангии Бухороро, ки ба таъсири равандҳои сунъӣ дучор шудаанд, таҳқиқ кардаанд. Мадрасаи Абдуллохон яке аз осори барҷастаи меъмории Осиёи Марказист, ки солҳои 1588-1590 бунёд ёфтааст. Иншооти мазкур аз дигар биноҳои шабеҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо тарҳи ғайриоддии мураккаб ва гуногунҷабҳаи дохилӣ фарқ мекунад.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041375225_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_857b72c5061a9e29a5067592eff09c0e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
девор, фурӯ рехт, бухоро
Девори мадрасаи асри XVI дар Бухоро фурӯ рехт - акс
16:15 03.08.2021 (Навсозишуда: 16:26 03.08.2021) Барои барқарор кардани ин девор шаш миллиард сӯм (беш аз 562 ҳазор доллар) харҷ мешавад
ДУШАНБЕ, 3 август - Sputnik. Дар Бухоро қисме аз девори мадрасаи Абдуллохон фурӯ рехт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Бухоро.
Тибқи иттилои манбаъ, сабаби чаппа шудани девор, пастшавии ҳарорат, боришот ва болоравии обҳои зеризаминӣ будааст.
Қайд мешавад, ки пас аз ҳодиса гурӯҳи кории махсус иборат аз намояндагони маъмурияти минтақавии Агентии мероси фарҳангӣ, ҳокимияти Бухоро ва инчунин барқароркунандагон ташкил карда шуд.
Мутахассисони баландихтисос ба маҳалли ҳодиса рафта, тадқиқоти мувофиқ гузарониданд. Феълан ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ шурӯъ кардаанд.
Ожонсии минтақавии мероси фарҳангии Бухоро ба
Sputnik Ӯзбекистон гуфт, ки барои тармими девор қариб шаш миллиард сӯм (беш аз 562 ҳазор доллар) харҷ мешавад.
Илова бар ин, бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо, олимон аллакай тақрибан 40 объекти фарҳангии Бухороро, ки ба таъсири равандҳои сунъӣ дучор шудаанд, таҳқиқ кардаанд.
Мадрасаи Абдуллохон яке аз осори барҷастаи меъмории Осиёи Марказист, ки солҳои 1588-1590 бунёд ёфтааст.
Иншооти мазкур аз дигар биноҳои шабеҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо тарҳи ғайриоддии мураккаб ва гуногунҷабҳаи дохилӣ фарқ мекунад.