Даргузашти яке аз судяҳои саршиноси Тоҷикистон: аз коронавирус табобат мегирифтааст - акс

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонДодрас Темурзода Шамсиддин ҳангоми гирифтани мукофоти давлатӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Додрас Темурзода Шамсиддин ҳангоми гирифтани мукофоти давлатӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Обуна шудан
Темурзода Шамсиддин Сафар, додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон даргузашт
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аз даргузашти додрас Темурзода Шамсиддин хабар додааст. Маросими видоъ бо Темурзода, ки 58 сол дошт, дар шаҳри Ҳисор баргузор гардидааст.
Дар мавриди иллати марг чизе хабар дода нашудааст, аммо бар асоси гузоришҳо марҳум ҳафтаҳои охири июл бо нишонаҳои коронавирус дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе бистарӣ будааст.
Расман дар бораи иллати марги Темурзода иттилое дода нашудааст.
© сомонаи Суди олии иқтисодии ТоҷикистонТемурзода Шамсиддин судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Темурзода Шамсиддин судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Темурзода Шамсиддин судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шамсиддин Темурзода аз додрасҳои олии саршинос гуфта мешавад, ки қаблан бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуда буд.
Аз ҷумла моҳи августи соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон фармонеро имзо кард, ки барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, Шамсиддин Темурзода бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣ гардид.
Раёсати Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон даргузашти Шамсиддин Темурзодаро талафоти бузург хонда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хостааст.
Лентаи хабарҳо
0