https://sputnik.tj/20210803/barhurd-margbor-regar-ronanda-1041370661.html
Бархӯрди маргбор ба "Тико" дар Регар: ронандаи 18-сола аз уҳдаи идора набаромад
Бархӯрди маргбор ба "Тико" дар Регар: ронандаи 18-сола аз уҳдаи идора набаромад
Sputnik Тоҷикистон
Бархӯрди маргбор ба "Тико" таҳти идораи ронандаи 70-сола: ронандаи 18-сола аз уҳдаи идора набаромад
2021-08-03T13:35+0500
2021-08-03T13:35+0500
2021-08-03T13:37+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
шаҳр
турсунзода
марги зани тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041370298_0:128:1000:691_1920x0_80_0_0_cb07a92a85c9e995c4aa242dffeab4f2.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Бархӯрди маргбори “Опел” бо “Тико” 2-юми августи соли 2021, тахминан соати 15:30 рух дод, навиштааст ВУД Тоҷикстон.Ба иттилои манбаъ, ронандаи мошини “Опел-Астра”, Жинаев Исохон, сокини 18-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Регар ба самти шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Байналмилали ҷамоати Регар, аз уҳдаи идораи автомашина набаромадаст.ВУД тавзеҳ дод, ки дар пайи ноуҳдабароии ронандаи “Опел”, мошини мазкур ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Деу-Тико”, таҳти идораи ронанда Бобосаидов Тағоймурод, сокини 70-cолаи деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода бархӯрдааст.“Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Деу-Тико”, Ахмедова Мавлудахон Аҳмадҷоновна, соли таваллудаш 1954, сокини ҷамоати деҳоти Пахтаобод, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоия.Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210727/barhurd-margbor-moshin-traktor-rudaki-1041201586.html
турсунзода
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041370298_0:35:1000:785_1920x0_80_0_0_39177357b547bfcc55cae598afd83ee1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бархӯрд, маргбор, тико, регар
бархӯрд, маргбор, тико, регар
Бархӯрди маргбор ба "Тико" дар Регар: ронандаи 18-сола аз уҳдаи идора набаромад
13:35 03.08.2021 (Навсозишуда: 13:37 03.08.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбор дар ҷамоати Регар хабар дод, ки бо ҳалокати як зани мусофир анҷомидааст
ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Бархӯрди маргбори “Опел” бо “Тико” 2-юми августи соли 2021, тахминан соати 15:30 рух дод, навиштааст ВУД Тоҷикстон.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи мошини “Опел-Астра”, Жинаев Исохон, сокини 18-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Регар ба самти шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Байналмилали ҷамоати Регар, аз уҳдаи идораи автомашина набаромадаст.
ВУД тавзеҳ дод, ки дар пайи ноуҳдабароии ронандаи “Опел”, мошини мазкур ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Деу-Тико”, таҳти идораи ронанда Бобосаидов Тағоймурод, сокини 70-cолаи деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода бархӯрдааст.
“Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Деу-Тико”, Ахмедова Мавлудахон Аҳмадҷоновна, соли таваллудаш 1954, сокини ҷамоати деҳоти Пахтаобод, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоия.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.