Пашинян боз сарвазири Арманистон шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Никола Пашинян выступает перед своими сторонниками в Ереване
Премьер-министр Никола Пашинян выступает перед своими сторонниками в Ереване - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Обуна шудан
Президенти Арманистон Саркисян Никол Пашинянро сарвазир таъин кард
ДУШАНБЕ, 2 август - Sputnik. Рӯзи аввали ҷаласаи парлумони нави Арманистон дар Ереван баргузор шуд.
Дар ин ҷаласа Армен Саркисян, президенти Арманистон Никол Пашинянро, сарвазир таъин кард, ки қаблан дар ин мақом кор мекард, .
Тибқи Қонуни асосии кишвар, пас аз оғози мӯҳлати ваколати Ассамблеяи Миллии нав интихобшуда, президент фавран номзадеро, ки аксарияти аъзои парлумон пешбарӣ кардааст, сарвазир таъин мекунад.
Исполняющий обязанности премьер-министра Армении Никол Пашинян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Арманистон бо Озарбойҷон тоб оварда наметавонад: Пашинян аз Русия кумак хост
Дар интихоботи пеш аз мӯҳлат кори парлумон аз лаҳзаи ифтитоҳи ҷаласаи аввал оғоз мешавад. Ҳукумат бояд дар давоми 15 рӯз пас аз таъини сарвазир ташкил карда шавад. Пас аз он, раҳбари девони вазирон барои пешниҳоди барномаи корӣ 20 рӯз вақт дорад.
Интихоботи ғайринавбатии парлумонӣ дар Арманистон 20 июн баргузор шуд, дар он 21 ҳизб ва 4 блок ширкат карданд.

Муноқишаи Қарабоғ ва интихоботи пеш аз мӯҳлат

Вазъи марз дар Қарабоғи Кӯҳӣ субҳи 27 сентябри соли 2020 ногаҳон шиддат гирифт. Мақомоти ҷумҳурии эътирофнашуда гуфтанд, ки Озарбойҷон ба қаламраваш, аз ҷумла пойтахт Степанакерт оташ кушод.
Вазорати дифои Озарбойҷон иддао кард, ки ҷониби Арманистон тирандозиро оғоз кардааст ва нерӯҳои Озарбойҷон амалиёти зидди ҳамла анҷом доданд.
Ҷанг тақрибан 1,5 моҳ идома кард ва шумораи қурбониён аз ҳар тараф ҳазорҳо ҳисоб карда шуд. Танҳо пас аз дахолати президенти Русия Владимир Путин низоъ хомуш шуд.
Дар чаҳорчӯби созишномаи имзошуда Ереван ва Боку дар мавқеъҳои худ истоданд ва асирони ҳарбиро иваз карданд.
Разбитые армянские гаубицы у дороги в Физули - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2021
Арманистон сабаби шикасташ дар Қарабоғи Кӯҳиро гуфт
Ҳамзамон, Арманистон мебоист то 1 январи соли 2021, бахше аз қаламравҳои ишғолшударо ба Озарбойҷон баргардонад.
Пас аз нашри ин санад дар Арманистон эътирозҳои оммавӣ бо талаби истеъфои Пашинян оғоз шуданд. Тақрибан шаш моҳ гирдиҳамоиҳо хомӯш нашуданд, ки дар натиҷа 20 июн дар ҷумҳурӣ интихоботи пеш аз вақт баргузор шуд.
Дар натиҷа Ҳизби "Созиши шаҳрвандӣ"-и Никол Пашинян,бо 53,91%, Эътилофи "Арманистон"-и президенти пешини он кишвар Роберт Кочарян 21,9% ва эътилофи "Шараф дорам"-и президенти пешини Арманистон Серж Саргисянро 5,22% овоз ба даст оварданд..
Дар натиҷа, ҳизби Пашинян дар парлумони нав 71 мандат, эътилофи Кочарян - 29 ва Саркисян - 7 мандат гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0