https://sputnik.tj/20210802/parviz-tursunzoda-pisar-mirzo-tursunzoda-darguzasht-1041347325.html
Парвиз Турсунзода, писари хурдии Мирзо Турсунзода даргузашт
Парвиз Турсунзода, писари хурдии Мирзо Турсунзода даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Парвиз Турсунзода солҳои зиёд дар Ироқ ба ҳайси тарҷумон кор мекард, вале баъдан ба ватан баргашт
2021-08-02T11:05+0500
2021-08-02T11:05+0500
2021-08-02T11:09+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
мирзо турсунзода
даргузашт
писар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1039004980_0:181:3000:1869_1920x0_80_0_0_a586ab6898c914076b25657d652e445e.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Фарзанди хурдии Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода даргузашт. Хабари марги Парвиз Турсунзодаро яке аз дӯстони ӯ, меъмори шинохта Олим Қурбонов дар сафҳаи Фейсбукии худ таъйид намудааст.Қурбонов акси фарзанди Турсунзодаро нашр намуда, зери он навиштааст, ки Парвиз чанде қабл ба ӯ навишта будааст, ки "ӯро фаромӯш накунам".Маълум нест, ки сабаби марги фарзанди Мирзо Турсунзода кадом маризӣ ва ё чӣ омиле будааст.Парвиз Турсунзода, хатмкардаи риштаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва солиёни зиёде дар Ироқ ба унвони тарҷумони забони арабӣ кор карда буд. Баъди бозгашт аз Ироқ дар чандин нашриёти Душанбе кор кард.Марҳум дар идораи "Тоҷикфилм" тарҷумон буд ва филмҳои зиёди хориҷиро тарҷума карда буд. Пас аз он корманди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон шуд ва солҳои ахир дар ширкати "Вавилон-Мобайл" кор мекард.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1039004980_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_0dacb62e44d3b8edae11c1a142ae7ae1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мирзо турсунзода писар даргузашт
мирзо турсунзода писар даргузашт
Парвиз Турсунзода, писари хурдии Мирзо Турсунзода даргузашт
11:05 02.08.2021 (Навсозишуда: 11:09 02.08.2021) Парвиз Турсунзода солҳои зиёд дар Ироқ ба ҳайси тарҷумон кор мекард, вале баъдан ба ватан баргашт
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Фарзанди хурдии Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода даргузашт. Хабари марги Парвиз Турсунзодаро яке аз дӯстони ӯ, меъмори шинохта Олим Қурбонов дар сафҳаи Фейсбукии худ таъйид намудааст.
Қурбонов акси фарзанди Турсунзодаро нашр намуда, зери он навиштааст, ки Парвиз чанде қабл ба ӯ навишта будааст, ки "ӯро фаромӯш накунам".
"Ман аз куҷо медонистам, ки ӯ бо ман видоъ мекунад. Ба суолу нигарониҳои ман посух надод ва тасмим гирифтем, ки вомехӯрем, аммо дер кардам", - бо таассуф навиштааст, дӯсти марҳум.
Маълум нест, ки сабаби марги фарзанди Мирзо Турсунзода кадом маризӣ ва ё чӣ омиле будааст.
Парвиз Турсунзода, хатмкардаи риштаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва солиёни зиёде дар Ироқ ба унвони тарҷумони забони арабӣ кор карда буд. Баъди бозгашт аз Ироқ дар чандин нашриёти Душанбе кор кард.
Марҳум дар идораи "Тоҷикфилм" тарҷумон буд ва филмҳои зиёди хориҷиро тарҷума карда буд. Пас аз он корманди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон шуд ва солҳои ахир дар ширкати "Вавилон-Мобайл" кор мекард.