Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Омори умедворкунандаи коронавирус дар Тоҷикистон: шифоёфтагон аз сироятшудаҳо зиёд шуданд

© Sputnik / Илья Тимин / Гузариш ба медиабонкОтделение больницы "РЖД-Медицина" перепрофилировали для больных с коронавирусом
Отделение больницы РЖД-Медицина перепрофилировали для больных с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон давоми 24 соати гузашта теъдоди шифоёфтагон аз гирифторони коронавирус зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 2 авг - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро нашр кард.
Бино бар иттилои ин ниҳод, тайи шабонарӯзи охир, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст, вале 68 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.
Ҳамзамон 73 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд, ки ба иттилои вазорат теъдоди табобатшудагон давоми 48 соати гузашта аз сироятшудаҳо зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 2 август дар кишвар 15150 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14629 нафар шифо ёфтаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Дастури Аҳмадзода алайҳи коронавирус: 1,8 миллион сокини Суғд ваксина мегиранд
Теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар кишвар дар замони пандемия ба 121 нафар мерасад.
Ёдовар мешавем, ки мавҷи дуввуми сирояти коронавирус дар Тоҷикистон идома дорад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac ройгон пешниҳод мешавад.
Лентаи хабарҳо
0