Ҳамлаи Толибон* ба зиндоне дар Лашкаргоҳ: 38 нафар кушта шуд

© REUTERS \ OMAR SOBHANIВооруженный человек, выступающий против восстания талибов
Вооруженный человек, выступающий против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Афғонистон аз як ҳамлаи нобарори Толибон* ба зиндоне дар Лашкаргоҳ хабар дод
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар шаҳри Лашкаргоҳ ҷангиёни ҳаракати Толибон* кӯшиш намуданд ба маҳбасхона ҳамла кунанд, аммо неруҳои ҳукуматӣ садди роҳи онҳо шуданд, менависад РИА Новости бо такя ба наммояндаи Вазорати дифоъ Фавад Амон.
Ба иттилои манбаъ, аз 40 ҷангие, ки хотсанд зиндонро муҳосира кунанд, 38 нафар кушта шуда, ду тани дигар шадидан маҷрӯҳ шуданд.
Дар ин шаҳр ҳудуди сад нерӯи вижа мустақар аст. Хабаргузории Tolo News дар робита ба ин қазия менависад, ки дар набарди ахир роҳбари пулиси музофоти Ҳилманд Холид Вардак ҷароҳати сабук бардошт.
Двусторонние учения военных Узбекистана и Таджикистана по уничтожению условных террористических группировок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Ҳудуди 200 низомии Ӯзбекистон ба марзи Тоҷикистону Афғонистон омаданд
Дар Афғонистон миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон, ки қаламрави назарраси деҳотро забт карда, ба шаҳрҳои калон ҳуҷум кардаанд, набарди шадид идома дорад.
Ноустуворӣ дар ҷумҳурӣ дар пасманзари ваъдаҳои маъмурияти ИМА дар бораи то охири тобистони имсол анҷом додани хуруҷи нерӯҳо аз хоки Афғонистон афзоиш меёбад.
Соли 2020 Вашингтон ва Толибон * дар Доха аввалин созишномаи сулҳро дар тӯли зиёда аз 18 соли ҷанг имзо карданд. Он пешбинӣ мекунад, ки нерӯҳои хориҷӣ дар давоми 14 моҳ аз Афғонистон хориҷ шаванд ва пас аз табодули асирон оғози муколамаи байни афғонҳо пешбинӣ шавад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0