https://sputnik.tj/20210802/bozdoshti-mardi-gumoni-suiqasd-odamkushi-1041352281.html
Боздошти марди 29 -сола бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ
Боздошти марди 29 -сола бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 29-сола хабар дод, ки дар сӯиқасд ба одамкушӣ гумонбар дониста мешавад
2021-08-02T14:07+0500
2021-08-02T14:07+0500
2021-08-02T14:07+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
мастчоҳ
куштори одам
боздошт
сӯиқасд
мард
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044741356_0:106:1632:1024_1920x0_80_0_0_cbd798f07d638234326358d8a78204a4.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран дар ноҳияи Мастчоҳ боздошти марди 29-сола сурат гирифт.ВУД иттилоъ додааст, ки кормандони милитсия ин мардеро, ки сокини ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ мебошад ва пеш бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда будааст, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт намуданд.Манбаъ таъкид доштааст, ки номбурда ба сӯиқасд ба одамкушӣ гумонбар дониста мешавад .Иттилоъ дода шудааст, ки марди 29-сола санаи 31-уми июли соли равон, аз рӯи хусумати шахсӣ ба хонаи истиқоматии, марди 33-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бустон омада, бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба рӯй ва гардани охирин задааст.тибқи иттилои ВУД-и Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 2, 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20200319/Bozdoshti-mardi-43-sola-baroi-suikasd-ba-joni-du-zan-dar-holati-masti--1030908398.html
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044741356_251:51:1632:1087_1920x0_80_0_0_ededbb4b04dfba132933286ec459e90e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, боздошт, сӯи қасд ба одамкушӣ, вуд, одамкушӣ
тоҷикистон, боздошт, сӯи қасд ба одамкушӣ, вуд, одамкушӣ
Боздошти марди 29 -сола бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 29-сола хабар дод, ки дар сӯиқасд ба одамкушӣ гумонбар дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран дар ноҳияи Мастчоҳ боздошти марди 29-сола сурат гирифт.
ВУД иттилоъ додааст, ки кормандони милитсия ин мардеро, ки сокини ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ мебошад ва пеш бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда будааст, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт намуданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки номбурда ба сӯиқасд ба одамкушӣ гумонбар дониста мешавад .
Иттилоъ дода шудааст, ки марди 29-сола санаи 31-уми июли соли равон, аз рӯи хусумати шахсӣ ба хонаи истиқоматии, марди 33-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бустон омада, бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба рӯй ва гардани охирин задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - қайд кардааст манбаъ.
тибқи иттилои ВУД-и Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 2, 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.