Зоҳидӣ аз коҳиши 85 дарсадии тиҷорати дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон дар солҳои ахир хабар дод

© МИД РТПресс-конференция посла Таджикистана Низомиддина Зохиди в посольстве Республики Таджикистан в Тегеране
Пресс-конференция посла Таджикистана Низомиддина Зохиди в посольстве Республики Таджикистан в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон таъкид дошт, Эрон барои мақомоти Тоҷикистон аҳаммияти бисёр муҳим дорад ва Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо фаъолони иқтисодии ин кишвар аст
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ахиран дар семинари маҷозии баррасии равобити тиҷории Эрону Тоҷикистон ишора кард, ки тиҷорати дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон дар солҳои ахир 85 дарсад коҳиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНО.
Тибқи иттилои манбаъ, сафири Тоҷикистон дар ин семинар ҳамчунин қайд кардааст, ки Эрон кишварест, ки барои мақомоти тоҷик аҳамияти ҷиддӣ дорад ва барои вуруди фаъолони иқтисодӣ ва сармоягузорон аз Эрон ба иқтисоди ҷумҳурӣ комилан омода мебошад.
“Баргузории рӯйдодҳои маҷозӣ дар канори ҳузури фаъолони иқтисодӣ дар намоишгоҳҳои ду кишвар ва эъзоми ҳайатҳои тиҷорӣ барои ошноии бештар бо зарфиятҳои ҳамкорӣ ва шинохти шарикони тиҷорӣ, аз ҷумлаи иқдомоти муштарак барои беҳбуди сатҳи муносиботи иқтисодист”, - гуфт Зоҳидӣ.
Вай ҳамчунин ба санади стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ишора карду афзуд, ки дар қолаби ин санад, ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон қобили афзоиш аст.
Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Эрон омодааст ба тоҷиронаш барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон кумак намояд
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон сипас ба омодагии ду кишвар барои имзои чандин созишномаи ҳамкорӣ ишора кард, ки имзои тавофуқи ҳамкории миёни биржаи Теҳрон ва биржаи Осиёи Марказии Тоҷикистон дар дастури кор қарор дорад.
Вай ҳамчунин бо ишора ба имзои 170 созишнома ва анвои санадҳои ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Эрон гуфт: “Яке аз муҳимтарин санадҳои ҳамкории байни ду кишвар дар ҳавзаи сармоягузорист, ки дар тӯли солҳои гузашта мунҷар ба иҷрои чанд тарҳи муваффақ аз ҷумлаи эҳдоси нерӯгоҳи барқӣ-обӣ ва нақби “Истиқлол” шудааст. Тарҳҳое, ки имрӯза аз онҳо ба унвони намодҳои ҳамкории дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон ёд мешавад”.
Лентаи хабарҳо
0