Вазири меҳнат аз соҳибкорону муҳоҷирони бурунмарзӣ кумак хост

© Sputnik Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон
Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Обуна шудан
Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳо барои боз ҳам ҷоннок намудани амалҳои хайру савоб, дастгирии ниёзмандон ва обод кардани гӯшае аз Тоҷикистон даъват кард
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Ширин Амонзода, ахиран бо як зумра соҳибкорони ватанӣ, ки дар минтақаҳои гуногуни Русия фаъолият менамоянд, муоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнати Тоҷикистон
тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории бахшҳои хусусӣ бо мақомоти давлатӣ, ҳамчун шарикони рушд эътироф шудани ҳамватанони бурунмарзӣ ва саҳмгузории соҳибкорони ватанӣ, ки дар кишварҳои хориҷ фаъолият менамоянд, дар раванди бунёдкориҳои кишвар ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақаҳои зарардида баррасӣ гардиданд.
“Ширин Амонзода зимни мулоқот аз саҳмгузории ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳо дар рӯзҳои мушкили бемории фарогири КОВИД-19 ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ёдовар шуда, даъват ба боз ҳам ҷоннок намудани амалҳои хайру савоб, дастгирии ниёзмандон ва обод кардани гӯшае аз диёри ватан намуд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки соҳибкорон низ аз дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар ёдовар шуда, таъкид намудаанд, ки дар ҳар кишваре, ки фаъолият кунанд ва дар ҳар ҳолате, ки набошанд, худро шаҳрвандони Тоҷикистон медонанд ва дар рушди Тоҷикистон саҳмгузорӣ мекунанд.
Ширин Амонзода, вазири меҳнати ҶТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Музди ночиз: чаро созишномаи Тоҷикистону Қатар дар бахши муҳоҷират амалӣ намешавад
Дар мулоқот, ҳамчунин як зумра ҳамватанони бурунмарзӣ тариқи маҷозӣ иштирок доҳтанд, онҳо низ изҳори омодагӣ барои саҳмгузорӣ дар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0