Варзишкори тоҷикро ба Паралимпиадаи Токио роҳ надоданд

© Sputnik / Алексей ФилипповСимвол Паралимпийских игр "Агитос"
Символ Паралимпийских игр Агитос - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Обуна шудан
Кумитаи байналмилалии паралимпӣ тасмим гирифт, ки Парвиз Одинаевро аз рӯйхати иштирокчиёни озмун хориҷ кунад
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Варзишкори тоҷик Парвиз Одинаевро барои ширкат дар мусобиқаи пауэрлифтинг дар Токио роҳ надоданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон мураббии варзишгар Толеъ Холназаров хабар дод.
Ба гуфти ӯ, чунин тасмимро Кумитаи байналмилалии паралимпӣ пас аз бознигарии натиҷаҳо гирифтааст.

"Дар соли 2020, бинобар ҳамагирии коронавирус, мо натавонистем дар арсаи ҷаҳонӣ баромад кунем аз ин рӯ бисёр варзишгарон ба Паралимпиада роҳ наёфтанд. Барои бо боварии 100 дарсадӣ роҳ ёфтан ба паралимпиада камаш бояд дар се сабқати ҷаҳонӣ ширкат кард",- таъкид намуд Холназаров.

Вай таъкид кард, ки Одинаев тамринро идома медиҳад ва ба мусобиқаҳои дигар омодагӣ мебинад.
Қаблан дар Дубай қаҳрамонии пауэрлифтинг дар категорияҳои гуногун баргузор шуда буд, ки дар он ба ҷуз Одинаев, Бахтиёр Донаёров низ ширкат кард.
Сборная Таджикистана на в Олимпиаде в Токио 2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Тоҷикистон дар Олимпиадаи Токио бе медал монд
Одинаев беҳтар баромад намуд ва тибқи рейтинги номзадҳо барои иштирок дар озмун, мебоист ба он роҳхат гирад.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XVI тобистонаи паралимпӣ дар Токио аз 24 август то 5 сентябр баргузор мешаванд. Дар мусобиқаҳо аз рӯи 22 намуди варзиш 4400 варзишгар аз кишварҳои гуногун иштирок мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0